Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб”
Нашр шуд 2018-01-26 12:19
Нависандаи маъруф, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад бо ҳузури нуронии худ дар маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо хонандагонаш мулоқот кард ва ба саволҳои онҳо посух гуфт.
Ин маҳфил баъд аз зуҳри 25 - уми январи соли равон дар шуъбаи хизматрасонии махсус баргузор шуд ва ширкаткунандагони аслии он афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони шуъба буданд.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ, Гадобек Маҳмудов оғоз кард. Гадобек Маҳмудов аз Абдулҳамид Самад ба унвони беҳтарин адибе ном бурд, ки асарҳояш хонандагони зиёд доранд. Вай гуфт, ки аз вижагиҳои Абдулҳамид Самад он аст, ки ҳамеша бо мардум ва дар миёни мардум аст ва образҳои офаридаи ӯ ҳамин мардуме ҳастанд, ки ҳар рӯз бо онҳо мулоқот мекунад.
Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ қайд намуд, ки эҷодиёти Абдулҳамид Самад ҷавобгўи ниёзҳои ҷомеаи мост ва асарҳои чанд соли охир навиштааш дар шинохти Ватан, таҳкими сулҳу субот дар кишвар хизмати шоиста кардаанд.
Устод Абдулҳамид Самад дар муроҷиат ба ширкаткуннадагон аз ҷумла гуфт: “шумо аз онҳое, ки тани солиму чашми бино доранд, рӯҳи қавӣ дореду некбин ҳастед ва он ақлу заковати шумо хоса аст. Ман дар он сӯҳбатҳое, ки бо онҳо доштааму дорам, ба ин қоил ҳастам. Рӯзи гузоштани хишти асоси Китобхонаи миллӣ мо бо ҳамроҳии Сарвари давлат ширкат доштем. Ва баъд аз он як кохи муҳташами китобу фарҳанг бунёд гардид, ки миёни якчанд давлати руйи олам назираш нест. Ва мову шумо имрӯз дар яке аз толорҳои ин кохи муҳташам қарор дорему аз он баҳраманд мешавем. Сарвари давлатамон ин кохро ба он хотир бунёд намуданд, ки фарзандони ин сарзамин ба воситаи Китобхона ба китоб рӯ оранду аз илму маърифату донише, ки тӯли ҳазорсолаҳо гузаштагони мо офаридаанд, баҳравар гарданд. Пас, ман ин ҷо омадам, то ба суолҳои шумо посух гуфта бошам”.
Аъзои фаъоли маҳфил ва хонандаи доимии шуъба Идибек Муродов пурсид, ки чаро маҷмӯаи аввалини худро “Шохи чанор” ном ниҳодед?
Адиби шинохта посух дод, ки “Мо номи ин маҷмуаро дар якҷоягӣ бо муаллифи суруди миллӣ Гулназар монда будем. Яъне, ин идеяи Гулназар буд. ”
Икроми Маҳмудзод муроҷиат намуд: “Муҳтарам Абдулҳамид Самад як пешниҳод доштам. Чӣ мешуд ягон асари хешро бо садои худатон сабт менамудед. То ин ки тариқи радио бо садои худатон мо мешунидем. Чун мо вақте ашъори Лоиқро бо садои эшон тариқи радио гӯш меандозем, чӣ хушест.”
Абдулҳамид Самад посух дод: Хеле олӣ пешниҳод намудед. Ин пешниҳоди шуморо ҳатман ба инобат мегирем.
Маҳфил ҳудуди ду соат идома дошт. Хоннадагон ба суолҳои хеле зиёди худ посух дарёфт карданд.
Муаррифии мо: Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад 5-уми августи соли 2017 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Абдулҳамид Самад замоне ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта шикаста мешуданд, дидҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои бешумораш дар бонуфузтарин рӯзномаи вақт “Тоҷикистони Советӣ” ба табъ расида, ҷавони ҷӯяндаю мушоҳидакор аз асрори ҳаёти шахсию ҷамъиятии одамони касбу кори гуногун ва рӯзгори мардуми маҳалҳои мухталифи ҷумҳурӣ хуб огоҳ гашта буд, бо истифода аз муҳити адабии нав бе душворӣ вориди майдони адабиёт гардид. Пайгирона дар ҷустуҷӯ ва муайян гардидани роҳи хоси эҷодӣ шуд ва онро дарёфт. Ифодаи фасеҳу муассири ҳолати равонӣ ва афкору амали қаҳрамонон бо сюжети тезу тунд хусусияти фарқкунандаи осорашро ташкил дод.
Дар жанри ҳикоя ва минбаъд қисса аз сарнавишти инсон сухан мегӯяд, инсон, рафтору кирдор, ғаму шодиашро ҷанбаи асоси тасвир қарор медиҳад. Усули нигоришаш ба мавзуъу масъала, муҳит, замону макони воқеа зич алоқаманд аст. Нависанда на танҳо донишу идроки аз зиндагии рӯзмарра ва муносибати инсонҳо ғункардааш, балки ғановоти маънавию ақлонии худро бо хонанда қисмат мекунад, андешаву назари хешро дар бобати рафтору амали одамон, муносиботи онҳо ба ҳолатҳои хушу нохуши ҷомеа дар пирояи бадеӣ устодона баён месозад. Ҳамдардию дилсӯзии адиби ҳушманд гоҳ бо лутфу зарофати нозук, лаҳзае бо танзу таънаи истеҳзоомез, даме бо ҳаҷву танқиди фошкунанда баён меёбад. Ҳамаи инҳо имкон додаанд, ки нигоранда дар воқеаи хурд рафтору амали оддию муқаррарӣ, чизи муҳим, зиндагиро бинад. Чунки биниш меъёри бадеию эҷодӣ ва зебоишиносиро дар тамоми асарҳои Абдулҳамид Самадов ба ин ё он тарзу ба рангу равғани хос ташкил медиҳад.
Фарзонаи МИРЗО