Лаҳзаҳои хотирмон: Афроди дорои имкониятҳои маҳдуд рӯзеро бо хушиҳо пушти сар карданд

29 - уми ноябри соли равон ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии афроди дорои имкониятҳои маҳдуд созмони ғайридавлатии “Пешрафт” иқдомеро пиёда кард ва бо ин васила хотири ҳудудан 100 нафар ин гуна одмонро шод намуд.
Дар ин чорабинӣ Китобхонаи миллӣ низ ширкат фаъолона дошт. Зеро аксари ширкаткунандагони он хонандагони ҳамешагии толори хониш барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд буданд.
Ба шарофати дастгирии ташкилотҳои гуногуни сармоягузор ин чорабинӣ барои ширкаткунандагонаш ба як ид ва рӯзи хушбахтӣ табдил ёфт. Чорабиниҳо аз зуҳр оғоз шуданд ва хеле бою рангин гузаштанд.
Сармоягузории кулли чорабиниҳо истеҳсолкунандаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ-Намояндагии Ширкати  HUAWEI дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар доираи чорабиниҳои тарҳрезишуда ширкаткунандагон дар Кинотеатри “Наврӯз” як филми хеле машҳур бо номи “Фантастические твари”-ро тамошо карданд. Филм наздик ба се соат идома дошт ва барои бинандагонаш таассуроти бою рангин гузошт.
Соати панҷи бегоҳ дар қаҳвахонае воқеъ дар маркази пойтахт барои ширкаткунандагони ин чорабиниҳои идона таоми шом дода шуд. Барои ҳар кадоме аз онҳо як мизи зиёфати идона ороста шуда буд, ки ба ҳамагон писанд омад.
Маврид ба ёдоварист, ки Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ ҳудудан 600 узв дорад ва дар ин чорабинӣ наздик ба 100 нафар фаъолтарин хонандагонаш ҷалб шуда буданд.
Рӯзи ҷаҳонии афроди дорои имкониятҳои маҳдуд 3-уми декабр буда, он ҳамасола дар сар то сари олам ҷашн гирифта мешавад.