Намоиши китоб бахшида ба Соли ҷавонон

Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавнон бештар аз 40 номгӯ китобро ба намоиш гузошт.
Аз ҷумла, китобҳои: «Раҳнаварди олимони ҷавон», Хуҷанд -2012, «Ҷавонии ҷовидон» (Ба ёди Ғоиб Сафарзода Душанбе-2010), Раҳмон Бобо «Ҷавонӣ – баҳори ишқ» Душанбе -2015, Меҳмон Бахтӣ «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ» Душанбе, 1988 Гурген Маорӣ «Ҷавонӣ» Душанбе 1986, Ҳадиса «Дунёи ҷавонӣ» Душанбе -1987, «Гулбонги навҷавонӣ» Душанбе 1992, «Ҷавонӣ буду бигзашт» (Ашъори солҳои шўравӣ) Қўрғонтеппа -2009, Мирсаид Миршакар «Айёми ҷавонӣ» Душанбе 1972, Қарахоҷаи Назаралӣ «Ёди ҷавонӣ» Душанбе -2004 ва ғайра.
Хоҳишмандон метавонанд барои мутолиаи ин китобҳо ба шуъбаи хизматрасонии махсус, ки дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ воқеъ мебошад, муроҷиат намоянд.

Фарзонаи МИРЗО