Шаст китоб тӯҳфаи Ассотсиатсияи олмонии Каритас барои хонандагони нобинои Китобхонаи миллӣ

  Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб бахши Тоҷикистонии Ассотсиатсияи “Каритас”-и Олмон ба Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ 60 китоб (13 номгӯй) тақдим намуд. Ёвари маъмурии Ассотсиатсия Парвиз Каримзода дар ҳузури роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва ҷамъе аз хонандагони толори хониши маъюбон китобҳоро туҳфа кард.

Панҷоҳ адад китобҳо ба хати брайлӣ барои нобиноён буда, боқӣ даҳ дона китоби “Реаблитация детей – инвалидов» бо хати срилик мебошад.

 Акнун хонандагони толор аз ҷумлаи афроди нобино имкон доранд китобҳои нави “Математика” барои синфҳои 1, 2, 3, 4, қисмҳои якум ва дуюм, “Букварь”, Забони модарӣ барои синфҳои 1-4, Русская речь барои синфҳои 1 – 4, қисмҳои аз 1 то 3 ва ғайраро мутолиа намоянд.