Баррасии китоби Раҳматуллои Раҳим “Ниёиш” дар маҳфили “Равшандилон”

   Аъзои маҳфили “Равшандилон” нишасти навбатии худро бо баррасии китоби нави Раҳматуллои Раҳим “Ниёиш” оғоз краданд. Муаллиф аз китоб чанд шеър қироат кард, ки пештар аъзои маҳфил онро нашунида буданд. Ҷойи таъкид аст, ки раҳматуллои Раҳим аз ширкаткунандагони фаъоли “Равшандилон” ва яке аз эҷодкорони умедбахш аз миёни аъзои маҳфил аст. Дар гузашта низ чандин навиштаи ӯ дар маҳфил мавриди баҳсу барарсӣ қарор гирфита буд.

   Дар маҳфил чун ҳамеша шеъру ҳикояву зарбулмасал ва латифаҳои тоза қироат шуданд ва атрофи онҳо ширкаткунандагон баҳсҳо оростанд. 

Хомисаи Аюбзод. 26 сол дорад. Дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст. 

   Соли 2016 Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ ба номи С.Айниро бо ихтисоси  муҳосиб ҳатм намудааст. Ҳанўз дар даврони донишҷўӣ шавқу ҳаваси шеъргўиву ҳикоянависӣ ба дили Хомиса ҷой гирифта буд ва шеър мегуфту чоп мекард. Аъзои лоиҳаи «Занони маъюб» мебошад.

   Китоби аввалини ў бо номи «Қисмати зиндагӣ» дар соли 2018 рўи чоп баромадааст. Ба маъюбияти худ нигоҳ накарда, ҳамеша дар пайи эҷод аст. Орзу дорад дар ҷомеа чун як адиб ҷойгоҳу мақом дошта бошад. Ва барои расидан ба ҳадафҳояш зиёд мекӯшад. 

Мегӯяд китоби навашро омодаи чоп мекунад.

Шиори ў дар зиндагӣ: «Зиндагӣ  зебост, дўсташ бидоред». Ва мегўяд:

Бидон дунё саросар роз бошад,

Гаҳе аҷому гаҳ оғоз бошад.

Ғаму шодӣ биёяд аз паси ҳам,

Дар ин меҳвар бувад чун нуқта одам.

Дар баҳси навбатии маҳфили “Равшандилон” атрофи шеъҳои ӯ низ баҳс шуд. Дар кутоҳтарин фурсат намунаҳое аз ашъорашро ин ҷо хоҳед хонд. 

       А.Назарова,

 корманди Шуъбаи хизматрасонии

 махсуси Китобхонаи миллӣ