Сухан аз Камоли Хуҷандӣ

Албата инъикоси тазодҳо ва воқеоти пурҷушу хурўши замона ва лаҳзаҳои зиндагии шахсии шоири лирик дар эҷодиёташ истисно шуда наметавонад. Аз ин рў метавон ҳукм кард, ки абёти овардашуда бозгўйи ин ҳақиқатест, ки дар боло гуфта шуд.Агар чунин шахси бошараф ва самимию ҳассосе мисли Камол дар Хуҷанд хешовандони наздик медошт, ҳаргиз онҳоро ба ҳоли худашон гузошта намерафт ва дар сурати рафтан низ бояд ба ватан барнамегашт.

Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои қарни Х1У халқи тоҷик буда, дар таърихи шеъри ғиноии форсӣ-тоҷикӣ бо ғазалҳои рангину диловезони мақому мартабаи хосеро ишғол кардааст.Чакидаҳои килки ин устоди каломи бадеъ аз замони зиндагиаш сар карда то даврони ахир ба эҷодиёти шоирони маъруф аз ҷумла: Ҳофизи Шерозӣ,Салмони Соваҷӣ,Абдураҳмони Ҷомӣ,Тошхўҷаи Асирӣ, Савдо,Садридини Айнӣ ва бисёр дигарон  таъсири пурнуфузе доштааст. Ғазалҳои намакини ўро аз дер боз хунёгарону мусиқидонҳо,ба шуъбаҳои гуногуни мусиқии суннатии классики «Шашмақом» ворид намуда, овозхонҳои мумтози касбӣ онҳоро замзама мекарданд ва аз мазмунҳои баланди онҳо баҳра мебардоштанд.Халқи адабпарвари мо шаъну эътибор ва қадру манзилати адибони бузурги худ,аз ҷумла Камоли Хуҷандӣ-шоири нодирагуфторро пос медорад.

Роҷеъ ба аҳволи зиндагонии Камоли Хуҷандӣ сарчашмаҳои хатии то ин маълум иттилооти хеле пароканда ва мухталиф медиҳанд.

Аввалан дар зикри ному лақаб ва кунияи шоир ихтилофи назар вуҷуд дорад.Ҳатто баъзе донишмандон ўро бо мутасаввифи асри Х111-Камоли Ҷандӣ омехтаанд. Эд Браун ҳам номи пурраи шоирро Камолуддин Масъуди Хуҷандӣ зикр кардааст.Ба назари мо дар ин бобат дар миёни тазоккуроти муҳақиқон сабти Муҳаммад Алии Табрезӣ, бо сабабҳое,ки зайлан хоҳем дид,ба ҳақиқат наздик аст.Ў дар китобаш «Райҳонатуладаб» шоирро мулаққаб бо Камолуддин ва маъруф ба Шайх Камол ва мутахаллис ба «Камол» қайд кардааст.Ба ин гуфта фақат ҳаминро илова кардан метавон, ки шоир ба унвони «Хоҷа Камол» низ иштиҳор дощт.Дар ҳақиқат «Камолуддин» на ном,балки лақаби ифтихории шоир мебошад, ки бинобар нуфузи бузурги маънавӣ ва руҳонияш бар мардум барояш додаанд. Ба ин тартиб номи пурраи шоир Хоҷа Камолуддин Абўаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ мебошад, ки танҳо бо як тахаллус-«Камол» шеър эҷод мекард.Бояд гуфт, ки дар ҳеҷ кадоми сарчашмаҳо аз санаи валодати Камол зикре нарафтааст.Дар хусуси волидайни Камол маълумот надорем. Ин ҷо фақат метавон ба Хуҷандасл  будани онҳо ва фарзанди ягона доштани эшон ишора карду бас. Иддае аз соҳибони сарчашмаҳо сабаби аз Хуҷанд рахти сафар бастани шоирро дар издивоҷ ва дар шаби зуфоф аз нидои сари ноз гуфтаи завҷаи ҷавонаш («ун тараф рав») рамуз гирифтани шоир донистаанд,ки он чандон пазируфтанӣ нест. Ба фикри мо сабаби аслии мусофирати Камол яке, вазъи ноором ва нобасомони сахти иҷтимоию сиёсӣ доштани шаҳри Хуҷанд ва дигаре, дар ҳамин замина ба ягон муносибати хонаводагӣ дучор шуда бекасу кўй мондани шоир аст.Ин ҳолро аз абёти зайли ў ба хубӣ пай бурдан мумкин аст:

     Ҳар хона, ки дар куйи тараб сохта будем,

     Селоби  ғаме омаду барканд зи бунёд*****

Албата инъикоси тазодҳо ва воқеоти пурҷушу хурўши замона ва лаҳзаҳои зиндагии шахсии шоири лирик дар эҷодиёташ истисно шуда наметавонад. Аз ин рў метавон ҳукм кард, ки абёти овардашуда бозгўйи ин ҳақиқатест, ки дар боло гуфта шуд.Агар чунин шахси бошараф ва самимию ҳассосе мисли Камол дар Хуҷанд хешовандони наздик медошт, ҳаргиз онҳоро ба ҳоли худашон гузошта намерафт ва дар сурати рафтан низ бояд ба ватан барнамегашт. Дар ҳар сурат Камол дар ҷавонияш тарки зодгоҳ намуда, аввал ба Самарқанд, сонӣ ба Тошканд, сипас ба Хоразм ва аз он ҷо ба азми Ҳаҷ ба сафар мебарояд.Вақте, ки ў ба шаҳри Табрез (маркази Озарбойҷон) ворид шуд, он мавзеъро писандид ва ҷойи зисти доимии худ ихтиёр кард.Султон Ҳусайни Ҷалонрӣ –ҳокими Табрез азамати руҳонии Камолро дарк намуда, муриди ў шуд ва дар Валиёнкўҳ ном мавзеъ (дар канори шаҳр) дохили боғе барояш хонақоҳе сохта тақдимаш намуд. Камол асосан дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Макони мазкур ба ҳадде мувофиқи табъи шоир будааст, ки ў дар ашъораш борҳо аз он бо қаноатмандӣ ва хушию хуррамӣ ёд кардааст. Чунончӣ:

         Зоҳидо , ту биҳишт ҷў ки Камол.

         Валиёнкўҳ хоҳаду Табрез.       

   Сармутахассиси ШХМ:      Назарова А