Парчам нишони давлатдорист

Имрўз  дар толори  хизматрасонӣ ба маъюбон бахшида  ба Рўзи Парчами миллӣ чорабинии илмӣ – оммавӣ  зери унвони «Парчам – муаррифгари миллат» доир гардид. Онро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолиддин ифтитоҳ намуда, иброз дошт: “Парчаму парчамдории мардуми куҳанбунёди тоҷик аз замони Коваи оҳангар аз он шаҳодат медиҳад, ки аҷдодони мо дорои заковати  баланди давлатдорӣ, худшиносӣ  ва ҳувияти миллӣ буданд”.

Ҷурахонзода Ғолиб Ҷурахон директори матбаа дар назди Ташкилоти Ҷамъиятии «Нобиноён»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст суханронӣ намуда, гуфт: “Мо шахсони маъюб низ узви ҷудонопазири ҷамъият ҳастем. Агарчӣ имрӯз фаъолиятҳои мо дар шохаҳои гуногуни фарҳанг, маориф ва соҳаҳои дигари мақомотҳо ҳисс мешавад, боз ҳам метавонад ин фаъолиятҳои мо густартар бошанд, дар омӯзиши илм пешгом бошем. 

 Бовар дорам, ин кӯшишҳое, ки роҳбарияти давлат баҳри мо маюбон доранд, иштироки  мо шахсони дорои нуқсондоштаро дар ҳаёти сиёсии кишварро таъмин менамояд.

 Ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимҷон Ҷураев оид ба муқаддасоти  миллӣ ёдрас шуда, Парчами Тоҷикистонро низ аз ҷумлаи ҳамин муқаддасот номид.

 Ҳамчунин хонандагони ин шуъба Мусамирзода Омина ва Зебониссо Мирзоева шеърҳо дар васфи парчам қироат намуданд. Чорабиниро ширкатдорони ҷаласа бо сурудҳои ватандӯстона ҳусни анҷом бахшиданд.

Раҳима Аъзам,

шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.