Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили ҳармоҳаи «Ганҷи сухан» бо ширкати ҳунармандони театри бачагонаи «Афсона» ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов баргузор шуд. Ин мулоқоти хотирмон ба Рӯзи байналмилалии маъюбон бахшида шуда буд.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода дар сухани ифтитоҳии худ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсиси худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхории ҳамешагӣ ба афроди дорои имкониятҳои маҳдуд толори хонишеро ҷудо кард. Ин танҳо як толори хониш нест, балки толорест, ки маҳфилҳои зиёдро гардон мекунанд, барои маъюбони эҷодкор маҳфилеро ҳам созмон додааст. Сари чанд вақт бо адибону олимон ва чеҳраҳои саршиноси кишвар дидору мулоқотҳо ташкил мекунанд, ки вохӯрии имрӯз аз ҳамин ҷумла аст.
Дар ин чорабинӣ ҳунарнамоии актёрони театри бачагонаи «Афсона» бо роҳбарии Бегмаҳмад Асомуддинов хотири ҳозиринро бо ҳаҷвҳои намакини хеш шод намуданд.
Дар қисмати дуюми маҳфил Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов бо сурудҳои дилнишин ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд.
Дар охир муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода аъзои фаъоли шуъбаро бо тўҳфаҳое, ки аз номи сарпараст-роҳбари ҶДММ «Сарманзил» М. Муродов тақдим шуда буданд, қадрдонӣ кард.
М.Алиева
Р. Аъзам