Таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи ҷаҳонии маъюбон таҷлил шуд. Директори муассиса профессор Абдусалом Мирализода зимни ширкат дар ҳамоиши Шуъбаи хизматрасонии махсус иброз дошт, ки маъюб будан ҳаргиз ба маънои берун аз ҷомеа будан нест. Нуқси ҷисмонии инсон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад муҷиби он гардад, ки инсон аз равандҳои ҷомеа берун бошад.

Сарвари Китобхонаи миллӣ дар бахши дигари суханрониаш ҳамчунин гуфт: “Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрўз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст”. 

Профессор Мирализода бо таъкид ба таваҷҷуҳи хосаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба маъюбон иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрўз дар Тоҷикистон 144 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 24 ҳазор нафарашонро кўдакон ташкил медиҳанд. Бояд зикр намуд, дар Китобхонаи миллӣ барои қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои хонандагони дорои имконияти маҳдуд тамоми шароитҳо муҳаё карда шудааст.Ҳар моҳ бо дастгирии маъмурияти Китобхонаи чорабиниҳои маърифатӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки олимону адибон ва ҳунармандони варзида баргузор карда мешаванд”.

Дар чорабинӣ  Намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Замира Сафиева ва Раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе Зикрихудоев Асадулло ширкат ва суханронӣ намуданд.   

Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд, дар он сарояндаи шинохта Фахриддини Малик ва корманди ансамбли фалаки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлуба Раҳимова ва як нафар аъзои шуъбаи хизматрасонии махсус ва ҳамчунин корманди ансамбли “Сомон” Заринаи Абдураҳим, Абдулазизи Ашурзод ва як тан аъзои фаъоли дигари  шуъба Мавзунҷони  Ғафурзод бо суруду таронаҳои дилнишни хеш хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ ҳаҷвнигорони шинохтаи   гурӯҳи “Шакарханд”   Саидҷон Идиев ва Ҷӯрахони Сафар бо саҳнаҳои ҷолиби хеш ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳамаро болида намуданд.

Бояд гуфт, намояндагони маҳфили валантерии “Эко плюс” ширкат намуда, барои ташкил ва баргузор намудани ин чорабинӣ саҳми хешро дареғ надоштанд.
 

Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод