Нишасти фарҳангии дирӯз, ки бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард ва иброз дош, ки артиш ин рукни асосии давлатлатдорӣ ва нишони соҳибистиқлолии кишвар аст. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ афзуд, ки бо назардошти ҳамин Пешвои миллат дар аввалин рӯзҳои ба даст даст гирифтани зимоми ҳокимият дар кишвар даст ба таъсиси артиши неруманд заданд.
Гадобек Маҳмудов ҳамчунин гфт, ки артиши Тоҷикистон муддати ин бештар аз 25 сол ба як артиши муназзам ва пуртаҷриба табдил ёфт.
Шавкат Мирзоев – раиси Иттиҳоди интернатсионалистони Тоҷикистон, полковник Тоҳирхон Шарипов муаллими калони Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Манижа Давлатова сардори нуқтаи гузаргоҳи техникӣ, Лола Рӯзиева - сардори клуби қисми ҳарбии 02615 ва Бахтиёр Шарифзода намоянда аз Вазорати мудофиа суханронӣ намуданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ базму савту суруд буд ва дар он Суҳроби Маҳмуд - овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти хайриявии “Пешрафт” аъзоёни фаъоли шуъбаро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардониданд.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир Хусрави Милод