Activities calendar

02 февраля 2018

Маркази касбомӯзии “Дастони моҳир” дар Китобхонаи миллӣ

Маркази касбомӯзии “Дастони моҳир”  шурӯъ аз аввали моҳи январи соли равон фаъолияти хешро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз намуд. Ин Марказ омӯзиши ҳунарҳои мардумиро барои навомӯзон ҳадаф қарор додааст. Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки Марказ ҷавобан ба ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, таъсис шуд.