Саду понздаҳ сол пеш Юлиус Фучик-адиби номдори чех дида ба олам кушода буд. Чун узви ҳизби коммунист буд, бо Иттиҳоди Шӯравӣ иртиботҳои наздик дошт. Юлиус Фучик аз ҷумла ба Тоҷикистон низ омадаву баъди бозгашташ таассуроташ аз кишвари моро дар чанд очерк навиштааст.
Фучик Юлиус 23-уми феврали соли 1903 дар шаҳри Прага ба дунё омадааст. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, журналист. Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва маҷаллаи ПКЧ- «Руде право» ва «Творба» кор кардааст. Фучик ба СССР солҳои 1930, 1934-1936, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ омадааст ва як силсила очеркҳо навиштааст.
Доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар ду сафари кутоҳе, ки ба Тоҷикистон дошт, чун олими нуктасанҷ ва адиби тавоно муаррифӣ шуд. Суханрониҳояш дар ду ҳамоиши адабӣ ва саҳмаш дар талиғи адабиёти тоҷик дар Эрон боис шуд, ки профессори фахрии Донишгоҳи давлатиии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) бошад. Солҳост, ки тарки олам карда, вале ёдҳои хуше аз ӯ ҳамоно боқист.
Мирзо Муллоаҳмадов аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик аст. Ба қалами ў беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву омавӣ таълиф шудаанд мақола, рисола, монография ва маҷмўаҳои ба чоп расонидаи ў тақрибан 200 мақола, 12 монография, 30 маҷмўа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.
Қадимтарин манбаъе, ки дар бораи сарулибос ва нақши он дар ниёгони мо дарак дода, ҳанўз дар замони Сосониён бо хати паҳлавӣ нигошта шуда будааст, ки муаллифи он на танҳо дар мавриди матоъу анвоъи он ва нақшу тарзи таҳия сухан рондааст, дар сафаҳоти он расмҳои рангаи шоҳони сосонӣ бо намунаи либосҳояшон низ мавҷуд будааст. Аммо мушкилии омўзиши ҳаҷҷорихои Тахти Чамшед дар он аст, ки резакориҳои рўи