Олими маъруф ва пуркор
Мирзо Муллоаҳмадов аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик аст. Ба қалами ў беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву омавӣ таълиф шудаанд мақола, рисола, монография ва маҷмўаҳои ба чоп расонидаи ў тақрибан 200 мақола, 12 монография, 30 маҷмўа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.
Мирзо Муллоаҳмадов 20-уми феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1969 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то барҳам хўрдани он дар соли 1993 дар он ҷо кор кардааст.
Ў дар вазифаҳои лаборанти калон (соли 1969), ходими хурди илмӣ (1969-1971, 1974-1978), ходими калони илмӣ (1984-1986), мудири Шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ (1986-1993), муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 1993 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ходими калони илмӣ, мудири Шуъбаи таърихи адабиётро адо намудааст.
Аз соли 2000 то 2004 мудири Шуъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муллоаҳмадов ба омўзиши масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти форс-тоҷик ва эроншиносӣ машғул аст. Ба қалами ў беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву омавӣ таълиф шудаанд мақола, рисола, монография ва маҷмўаҳои ба чоп расонидаи ў тақрибан 200 мақола, 12 монография, 30 маҷмўа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.
Фаъолияти илмиву эҷодии Мирзо Муллоаҳмадов аз омўзиши эҷодиёти шоири форс-тоҷик Фаррухии Систонӣ оғоз ёфт. Дар ин мавзуъ ў рисолаи номзадӣ дифоъ кард ва монографияи «Фаррухии Систонӣ»-ро (1978) ба табъ расонид. Баъдан китобҳои ў дар бораи адибони маъруфи Эрон Адибулмамолики Амирӣ, Фурўғии Бастомӣ ва дигарон ба миён омаданд. Мирзо Муллоаҳмадов муҳаққиқи сабк (равия)-и «Бозгашт»-падидаи муҳим дар адабиёти асрҳои 15-19 Эрон. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои XIX-XX» (ба забони русӣ, Москва, 1999) мебошад.
Солҳои 1995-2000 Муллоаҳмадов чун мудири Шўъбаи Таърихи адабиёти ИЗА роҳбарии мавзўи илмии «Масоили ахлоқ дар адабиёти асрҳои 9-12 форс-тоҷик (осору манзуму мансур)”-ро ба ўҳда дошт. Дар доираи ин мавзўъ вай рисолае бо номи «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003) ба табъ расонид, ки аҳамияти зиёди тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад. Ў яке аз муаллифони «Донишномаи адаби форсӣ» (Эрон) мебошад. Соли 2000 дар ин нашрия беш аз 150 мақолааш ба табъ расидааст.
Саҳми Мирзо Муллоаҳмадом дар таҳияи матнҳои осори адабиёти форс-тоҷик, баргардон аз ҳуруфи арабиасос ба кириллӣ бузург аст. Баргардони тарҷумаи форсии «Қуръони маҷид» ба ҳуруфи кириллӣ (Теҳрон, 1997). «Қобуснома»-и Кайковус, бо пешгуфтор, тавзеҳоти судманд (1979). «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1983), «Рўзномаи сафари Искандаркўл»-и Мустаҷир (1989), «Ҳикояҳои нависандагони Эрон» (ҷ. 1-2, 1988), «Ғазалиёт»-и Фурўғии Бостамӣ (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999). «Андарзномаи Носири Хусрав» 2003 ва ғайра ба қалами ӯ мутааллиқ аст.
Мирзо Муллоаҳмадов мураттиби тазкираҳои «Ёди ёри меҳрубон» (2003) ва «Хубони порсигў» (2003) мебошад. Тавассути китоби аввал, ки дар интишороти «Тўс»-и Эрон ба табъ расидааст, хонандагони эронӣ бо ашъори шоирони тоҷики асарҳои 16-19 ошноӣ пайдо мекунанд.
Мирзо Муллоаҳмадов барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад.
Боз чоп аз «Энскилопедияи адатиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе, 2004. – Ҷ 3. – С. 514.
Муаллиф: Саъдиева Г.
Шарқшиносони тоҷик (1958-2008). – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2009. – С. 401-404.
Муаллиф: Хуросонӣ А.М.
Аз Мирзо Муллоаҳмадов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед суроғ кунед:
Паёми ахлоқии Фирдавсӣ. – Душанбе: Деваштич, 2003. – 256 с.
Дар олами Эроншиносӣ. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 560 с.
Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт: Анъанаҳои осори Рўдакӣ ва муосиронаш дар адабиёти тоҷику форс. – Душанбе: Дониш, 2008. – 319 с.
«Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем…». – Душанбе: Шуҷоён, 2011. – 2011. – 268 с.
Рўдакӣ ва рўдакишиносӣ. – Душанбе: Адиб, 2012. – 248 с.
Бузургдошти инсони нек. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2016. – 200 с.
Зеркало человечности: Научные изыскания по иранистике. – Душанбе: Дониш, 2016. – 303 с.
Ховаршиноси мумтоз: Шарқшинос, тадқиқкунандаи "Шоҳнома" - и Фирдавсӣ Муҳаммаднурӣ Усмонов // Адабиёт ва санъат. – 1985. –17 январ.
Гулчини ашъори Калим: Шоири маъруфи ҳиндӣ асри 17 Абутолиб Калими Кошонӣ // Газетаи муаллимон. – 1986. – 12 август.
"Парешон"-и Қоонӣ: Қоонии Шерозӣ (1807 - 1873) // Ахбори Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон. – 1987. – №4. – С. 24-31.
Муллоаҳмадов, М., Зарифов, З. Сурудҳои давраи ҷавонии Лоҳутӣ: Лавҳи муҳаббат; Нисори дўст; Эй шамъи ҳусн; Барои ту; Доми гесу // Занони Тоҷикистон. –1987. –№ 9. – С.6.
Муллоаҳмадов, М., Муҳаммадиев, Ш. Мар онро ки дониш бувад, туша бурд…: Ба 80 - солагии академик Абдулғанӣ Мирзоев // Газетаи муаллимон. – 1988. – 24 декабр.
Робитаҳои пурсамар: Даҳаи дўстии Иттифоқи Советӣ ва Ҳиндустон // Газетаи муаллимон. – 1988. – 16 август.
Меҳрномаи Шарқ: Ба муносибати зодрўзи В.И.Ленин // Занони Тоҷикистон. –1988. – № 4. – С. 6-7.
Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва шиквари бостонии мо: 100-солагии ходими барҷастаи Ҳинд Ҷ. Неҳру (мақола бо расмаш) // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 19 октябр.
Абдураҳмони Ҷомӣ - Ахтари тобони осмони шеър: Ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ // Паёми Душанбе. –2014. – 3 октябр.
Китоби арзишманд дар таҳқиқи адабиёти гузашта ва муосир: Роҷеъ ба китоби "Адабиёти миллӣ ва муколламаи фарҳангҳо"-и яке аз муҳаққиқони фаъол, адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 8 июн.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ