Агар Файзалӣ Наҷмонов зинда мебуд...
Нашр шуд 2020-01-17 16:32
Файзалӣ Наҷмонов-донишманди маъруф, яке аз шарқшиносони шинохта 80 сол пеш дар чунин рӯзҳои сарди зимистон дида ба олам боз карда буд. Ва 27 сол пеш аз олам рафт. Аз зумраи касоне буд, ки дар рушди шарқшиносии кишвар саҳми сазовор дошт. Солҳо факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро сарварӣ кард ва имрӯз садҳо нафар аз хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат Файзалӣ Наҷмоновро бо ифтихор устоди худ меноманд.
Файзалӣ Наҷмонов шарқшинос, номзади илми филология 15 январи соли 1940 таваллуд шудааст. Хатмкардаи ДДТ (1963). Аспиранти Пажўҳишгоҳи шарқшиносии АИ СССР (1967).
Муаллим (1967-1969), дотсент (1970-1993). Солҳои 1971-1973 ҷонишин ва 1973-1982 декани факултаи забонҳои шарқи ДДТ буд, аз соли 1982 то поёни умр мудирии кафедраи филологияи Эрони ҳамин донишгоҳро ба дўш дошт.
Дар замони роҳбарии Наҷмонов Файзалӣ равобити факулта бо марказҳои шарқшиносии дигар донишгоҳҳои шўравӣ аз қабили Москва, Ленинград, Боку, Ереван ва Тошканд вусъату густариши бештаре пайдо намуда буд.
Наҷмонов муҳаққиқи пуркоре буд. Ў муаллифи як монография ва зиёда аз 151 мақолаи илмӣ аст, ки дар маҷаллоту маҷмўаҳои илмӣ ва Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилди 1,2) ба чоп расидаанд.
Ў соли 1993 аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон.
Муаллиф У. Қурбонов
Аз Файзалӣ Наҷмонов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавон хонд:
Фаррухӣ – шоири муборизи Эрон // Фаррухии Яздӣ Дар талаби озодӣ. – Душанбе, 1980. – С. 3-10.
Олим ва адиби мумтоз: Ба муносибати 90-солагии Саид Нафисӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 24 июн.
Эътисомӣ, П. Ашки ятим, маҷмўаи ашъор / Тарт. Ф. Наҷмонов. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 112 с.
Мард аз амал шинохта гардад: Ба муносибати 100-солагии зодрўзи шоири Эрон Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 1 январ.
Ду шоири мубориз: Аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири форсизабон Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор ва Абулқосим Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 26 феврал.
Васфи ғалабаи инқилоби Октябр дар шеъри имрўзаи форсӣ // Мактаби советӣ. – 1987. – №11. – С. 30-32.
Ватандор: Дар бораи устод А. Лоҳутӣ // Садои Шарқ. – 1987. – №12. – С. 28-36.
Иқдоми нек: Насри даризабони Афғонистон // Омўзгор. – 1989. – 19 сентябр.
Ситораи дур: Ба ифтихори 60-солагии зодрўзи Нодири Нодирпур // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 8 декабр.
Шоири пайкорҳо: Дар бораи Мирзо Муҳаммад Фаррухии Яздӣ // Садои Шарқ. – 1990. – №1. – С. 126-132.
Парвезӣ, Р. Палтои ҳиноранги ман: Ҳикоя / Таҳияи Ф. Наҷмонов // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 20 сентябр.
Таҳияи Насиба Даниярова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ