Ҳафтод соли Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

  Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш  дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон  мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Солеҳаи даврон” низ ба сурати комил дар ин торнамо ҷой хоҳад ёфт.

  Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад 18 феврали соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Масчоҳ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 4 - и ноҳия ба донишкадаи таърихи Донишгоҳи омўзгории шаҳри Хуҷанд дохил шуда, пас аз поёни таҳсил муддате омӯзгорӣ ва сипас, ба кори рӯзнома гузашт. Тӯли фаъолияти тӯлонӣ дар матбуот дар чандин нашрияи ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ – “Машъал” - и ноҳияи Масчоҳ (мудири шўъбаи маънавиёт), маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, Садо ва Симои Ҷумҳурӣ,  нашрияи “Ориён” ва қабл аз нафақа муҳаррири нашрияи “Паёми дӯст” дар Масчо буд. То кунун аз ин муҳаққиқ ва нависанда китобҳои зерин мунташир шудаанд: “Сурмаи дил”(Хуҷанд, 1997, ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур),  “Қасидаи ҷавонмардӣ” (Хуҷанд, 1998, ), “Ахтари зулматсӯз” (Хуҷанд, 2000), “Гулшани дилҳо”  (Хуҷанд, 2001), “Гаҳвораи заррин” (Хуҷанд, 2012), “Боғи сабзи падар”( Хуҷанд, 2012).

   “Солеҳаи даврон” китоби тозаи муаллиф, ки узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон мебошад, дар бораи зиндагӣ ва корномаи Соле-ҳамоҳ Раҳматуллоева (1953 - 2002), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳикоят мекунад, ки ба қалами ӯ беш аз 500 мақола, 4 китоб ва чандин рисола тааллуқ дорад. Ошноӣ бо корномаи ин зани фаъол ва ҳақиқатнигор, дардошно ва дилсӯзи мардум ва ҷомеа дар пеши назари мо симои занони диловару кордонро муҷассам менамояд.

   Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзўъоти фарҳангию иҷтимоӣ менависад ва низ тасвири зиндагии шахсиятҳои шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст. То кунун аз ин нависанда наздик ба 1000 мақола дар матбуоти ҷумҳурӣ ба нашр расидааст. Муаллифи китоб барои таълифи осоре дар заминаи мардумшиносӣ ва пайкори тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сӯи Академияи Қафқоз бо нишонҳои Лермонтов ва медали 200 - солагии ҳамроҳ шудани Қафқоз ба Русия тақдир шудааст.

  

  Гуфтанист, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш  дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон  мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Солеҳаи даврон” низ ба сурати комил дар ин торнамо ҷой хоҳад ёфт.

 Бародарам Шоҳмирзо, ки беш аз 45 сол ба унвони рузноманигор ва нависанда қалам кашидааст, ба синни мубораки 70 расид. Самимона табрикаш мекунам, Худо сояашро аз сари мо кам накунад. Бознашри шеъре, ки ба таҳнияти зиёрати Хонаи Худо барояш навишта будам, туҳфаи ман дар ин рузи саид:

Бародарам,

Ки сояи падар ба хонадони мост

Ва рафта буд тавофи Хонаи Худо

Ва хокбуси Марваю Сафо

Ва солики диёри ваҳй гашта буд

Ва обири макони нафй гашта буд,

Бубин,

Чи бо сафо расидааст,

Ҳама зиё расидааст.

Бародарам агарчи гуфта буд,

Ки лоиқи ҳузури он ҷавор нест,

Ва солики ҳақиқии диёри ёр нест,

Вале,

Сипос бар Худои меҳрубон,

Ки беҳтар

Ва бештар

Аз он ҳама акобиру шуюхи зоҳирӣ,

Ки ҳаҷҷашон набуда иртизои Ҳақ

Ва ҳамчунин,

Тавофашон набудааст тавофи дил,

Ва гарчи ашк рехтаанд дар “Ҳиро”

Вале нарафтаанд бурун зи ғори нафс,

Ба дарки рукни бандагӣ расидааст,

Ва дар худии худ ҷамоли Ёр дидааст.

Кунун дилаш чу Замзам аст,

Ба Ёри бениёзи хеш ҳамдам аст.

Дуо кунем,

Ҳар он касе ба ҳаҷ равад,

Бурун зи роҳи каҷ равад!

Аъзам Хучаста

Дар Китобхонаи миллӣ аз Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад китоби ӯ “Сурмаи дил” қобили дарёфту мутолиа аст, ки соли 1997 дар шаҳри душанбе чоп шудааст.