Activities calendar

27 февраля 2019

Имсол аз фавти олими тавоно Зоҳир Аҳрорӣ даҳ сол мегузарад

    Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.

   Зоҳир  Аҳроров 15 феврали  соли 1930 дар деҳаи Шикеви ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.  Адабиётшинос шарқшиноси тоҷик,  Корманди шоистаи Тоҷикистон соли (1998). 

Афродита – илоҳаи зебоӣ ва муҳаббат

   Афродида зани ҷавони хеле зебое будааст, ки либосҳои зариф мепӯшида ва шавқу завқи зиёди бо худ доштани ҷавоҳироти зиёд доштааст. Ҳамеша лабханд мезада ва мегӯянд худ ошиқи лабхандҳои худ буда. Чашмонаш ҳамонанд осмони тобистон обӣ, пӯсте ба сафедии кафи дарё, ки аз он ба дунё омада буд. Мӯйҳояш ранги тиллоӣ дошта, ба мисоли шуои Хуршед ба ҳангоми ғуруб будааст.

   Дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ  духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотири дигар кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор  мегардад, 

Ҳафтод соли Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

  Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш  дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон  мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Солеҳаи даврон” низ ба сурати комил дар ин

Арзи сипос

  62 нафар донишомӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фармони Ректори ин боргоҳи маърифат, академик Муҳаммадюсуф Имомзода муддати бистучор рӯзи корӣ дар Китобхонаи миллӣ таҷриба хоҳанд омӯхт. Меҳрангез Темирова-як тан аз ин донишомӯзон таассуроти рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзии худро ин гуна рӯи коғаз овардааст:

Тибқи  Фармони ректори  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 06.02. 2019  сол 62 нафар донишҷўён барои таҷрибаомўзӣ ба Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон