Арзи сипос

   62 нафар донишомӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фармони Ректори ин боргоҳи маърифат, академик Муҳаммаюсуф Имомзода муддати бистучор рӯзи корӣ дар Китобхонаи миллӣ таҷриба хоҳанд омӯхт. Меҳрангез Темирова-як тан аз ин донишомӯзон таассуроти рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзии худро ин гуна рӯи коғаз овардааст:

  Тибқи  Фармони ректори  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 06.02. 2019  сол 62 нафар донишҷўён барои таҷрибаомўзӣ ба Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ донишҷўёни соли 5-уми шуъбаи рўзонаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо (ихтисосҳои арабӣ-англисӣ, арабӣ-фарансавӣ, форсӣ-англисӣ, пашту-англисӣ, донишҷўёни соли 5-уми шуъбаи рўзонаи факултаи муносибатҳои байналхалқӣ ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ) ва донишҷўёни соли 4-уми факултаи таърих (шуъбаи ғойибона) ҷалб карда шудаанд.

Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён тибқи нақшаи таълимӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ мегузарад. Он чор ҳафта (24 рўзи корӣ) давом мекунад. Вақти кори донишҷўён тибқи реҷаи кории Китобхона амалӣ гардида истодааст.

Таҷрибаомўзон асосан бо чунин корҳо машғуланд:

- шиносоии умумӣ бо фаъолияти Китобхона ва кор дар махзани ошёнаи №6 ва таҳхона оид ба ҷудо намудани китобҳо;

- ҷудо намудани китобҳо аз рўи хат, забон ва соҳаҳо;

- ҷобаҷо намудани китобҳо аз рўи алифбо ва соҳаҳо;

- шиносоӣ бо дастхатҳои ба тахассуси таҷрибаомўзон мувофиқ ва истифода аз сарчашмаҳо барои корҳои дипломӣ;

- шиносоӣ бо асарҳои илмию-таърихӣ ба тахассуси таҷрибаомўзон мувофиқ;

- шиносоӣ бо асарҳои бадеии ба забонҳои хориҷӣ таълифшудаву тарҷумашуда.

Ба гурўҳҳои таҷрибаомўзон аз ҳисоби кормандони собиқадорони Китобхона М.Каримов, Ю.Мусоев ва Ҷ.Қурбонов роҳбар таъин шудааст, ки таҷрибаомўзонро бо адабиёт, маводи методӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки барои иҷрои барномаҳои  омўзишҳои истеҳсолӣ заруранд,  таъмин менамоянд ва аз одоби муоширати онҳо хело минатдорем.

Мақсади асосии таҷрибаи истеҳсолии донишҷўён дар заминаи Китобхона амиқи кори корхонаҳо, ба даст овардани малака, азхуд намудани тарзу усулҳои кор дар шароити нави хоҷагидорӣ, такмилу тақвияти дониш мебошад.

 Меҳрангез Темирова                                                                                     

донишҷўи солии 5-уми

 шуъбаи рўзонаи факултаи

 муносибатҳои байналхалқии

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Барчаспҳо: