Баъд аз зуҳри имрўз 17- уми январ, бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи илмӣ - тадқиқотӣ ва шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём–роҳнамои имрўзу фардо» доир гардид.
Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхона дар сухани ифтитоҳии худ ҳадафи ин ҳамоишро шарҳ дод. Вай аз ҷумла гуфт: «Мо мардуми тоҷик бояд Паёмро ҳамчун сармашқи зиндагии хеш қарор дода, онро барои худамон ҳамчун як дастурамал истифода барем. Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд нуктаҳо иборат буд. Ин Паём пеш аз ҳама тамоми паҳлўҳои сиёсати дохилӣ ва берунаи кишварро баррасӣ намуд. Бояд гўем, ки ҳар як Паём як навовариро дар худ дорад. Пешвои миллат дар ин паём бештар ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва захираи маводи озуқаворӣ таваҷҷуҳ кард. Бахусус, оид ба истиқлолияти энергетикӣ махсус таъкид шуд ва чуноне огоҳед, аз даҳи дуввуми моҳи ҷорӣ лимити истифода барқ дар кишвар бо фармони Пешвои миллат барҳам дода шуд ва ҳоло сокинон 24 соат бо нерӯи барқ таъминанд”.
Муовини Директори Китобхона Салима Раҷабова зимни суханронии худ дар мавриди баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа суханронӣ намуда, қайд намуд, «як нуктаи асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат боз ҳам дар бобати баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа буд. Сарвари давлат ба ин масъала хеле бархӯрди ҷиддӣ доранд ва солҳост, ки ин нукта дар ҳар суханронии Пешво таъкид мешавад. Воқеан, бубинед сол то сол теъдоди занон дар корҳои давлативу ҳукуматӣ зиёд гардида истодаанд. Боз ҳам такрор шавад, мегўям, ки зиёда аз 70 дарсади кормандони Китобхонаи миллиро бонувон ташкил медиҳанд, ки ин худ боиси ифтихор аст. Яъне, метавонем гўем, имрўз дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама зан –модар, зан – муаллима, зан – сиёсатшинос, зан – духтур, зан – ронанда, зан – китобдор ва дигару дигар аст”.
Фарзонаи Мирзо