Баъд аз зуҳри имрӯз, 31-уми январ дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии «Равшандилон» доир гардид.
Меҳмони маҳфил Шаҳроми Неъмат бо ҳамроҳии як тан аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Мавзунҷони Ғафурзод шеърхонӣ ва ба воситаи аккордеону гитор замзама карданд.
Дар қисмати дуюми барнома,
Дар тули моҳи январи соли 2017 ба бахши таҳлил ва ташхиси адабиёт 583 нусха китоб ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид шуд ва баъди таҳлилу ташхис ин китобҳо ба шуъбаи коркарди адабиёт равона карда шуданд.
Китобҳои воридшуда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, тамоми соҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, ниёзҳои хонандагон ва пажуҳишгаронро бароварда месозанд.
Аз ҷумлаи китобҳои тозаворид китобҳои:
Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифигари халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд. Ба қавли шоир:
Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан
29 январи соли 2017
Давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки аз 24-уми майи соли 2016 оғоз шуда буд, 25-уми январи соли 2017 ба анҷом расид. Дар ин муддат кормандони Китобхона маълумоти мукаммал оиди ҷадвали даҳгонаи Универсалӣ, тарихи пайдоиш, тарзи рақамгузорӣ донишҳои амалии худро мукаммал карданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо бо толибилмон ассосан