Таснифоти даҳгонаи Универсалӣ асоси фаъолияти китобдорист
Нашр шуд 2017-01-31 11:59
Давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки аз 24-уми майи соли 2016 оғоз шуда буд, 25-уми январи соли 2017 ба анҷом расид. Дар ин муддат кормандони Китобхона маълумоти мукаммал оиди ҷадвали даҳгонаи Универсалӣ, тарихи пайдоиш, тарзи рақамгузорӣ донишҳои амалии худро мукаммал карданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо бо толибилмон ассосан дар бораи соҳаҳои муҳим, ба монанди идоракунии давлатӣ, маъмурӣ, маҳаллӣ, геология, кимиёи органикӣ, маъданшиносӣ, уқёнусшиносӣ, метеорология, табиатшиносӣ, кимиёи биологӣ, зоология, соҳаҳои тиб, беҳдошт, фармакология, паталогия, техника, умури муҳандисӣ, мошинсозӣ ва ғайра маълумот дода шуд.
Ҳамзамон мавзуъҳои ҷудогона дар бораи техникаи ҳастаӣ, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ, санъати тасвирӣ, санъати бофандагӣ, ҳайкалтарошӣ, мусиқӣ тадрис шуданд. Устоди ин фанни мушкил корманди пуртаҷрибаи китобдорӣ Раъно Камоловна мебошд, ки зиёда аз 40-сол дар шуъбаи коркарди Китобхонаи миллӣ ҳамчун сарвар фаъолият намудааст.
Умуман кормандон аз ин давраи омӯзишӣ ва дарсҳои он манфиат диданд ва ҳар дарс барои такмили донишу ҷаҳонбинии онҳо муфид буд.
Дар анҷоми давраи омӯзишӣ бо ширкати муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова аз донишомӯзон имтиҳон гирифта шуд ва ширкаткунандагон бо сертификатҳои хатми давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсалӣ шарафёб шуданд.
Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзишии дигарро ҳам тарҳрезӣ кардааст, ки тӯли соли равон амалӣ мешавад. Дарсҳои минбаъда бозомӯзии кормандонро атрофи суханварӣ, китобдорӣ, одоби касбии китобдорӣ, омўзиши забонҳо дар бар мегиранд.
Юлчибой Мўсоев,
муовини сардори Маркази такмили
ихтисоси Китобхонаи миллӣ