Тифлию домони модар....

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Модар! Чӣ калимаи зебо ва дилнишинест. Вақте ки мо ин калимаро ба забон мегирем, тамоми вудҷудамонро як эҳсосе, ки пур аз меҳру муҳаббат, ширинии ҳаёт ва қалбҳоямонро як гармӣ фаро мегирад. Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахс мебошад. Модар сутуни ҳар як хонадон аст. Чуноне, ки Паёмбарамон (с)  мегўяд: “Биҳишт зери қадами модарон аст”.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Ва ин комилан дуруст аст, ки ҷаннат зери пойи модарон аст. Бузурге гуфта, ки модарон ба як даст гавҳора меҷунбонад ва ба дасти дигар дунёро. Ба заҳматҳои шабонарўзӣ бедорхобиаш нигоҳ накарда, моро бо як меҳру муҳаббати волои худ  ва олами рангини кўҳдакӣ бо лафзи шинрини худ омўхтану роҳ рафтанро меомўзад. Ва бо лафзи кўҳдакии мо бо мо сухан мегўяду ва дунёи кўҳдакии моро  рангоранг месозад. Меҳру муҳаббати гарми модар моро ба оламу одам ошно месозад.
Дар тифлӣ мо ҳама дар биҳишти домани модарем ва чун калонсол мешавем, ин биҳишро гум мекунем.

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Дар дунё барои ҳар як инсон қимматтарину азизтарин шахс модар аст. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад. Модар олиҳаи ҳусну малоҳат ва зебоии дунё  мебошад.

Эй хона Худо, ба мулку манзил, модар,
Аз нури Худо гирифта қандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туӣ
Аз баъди Худо бузург дар дил модар.

***   ***   ***

Тобон будию ба дида тобон, модар,
Аз меҳр ба синаҳо гулафшон, модар.
Нуре шуда бо Худои худ пайвастӣ,
Эй нури ба дидаҳо дурахшон, модар

Сураё Одинаева, мутахассиси
Маркази такмили ихтисос