Маркази такмили ихтисос дар соли 2016

Дар Маркази такмили ихтисос, дар асоси нақ­шаи тасдиқшудаи марказ курси омўзиши фаъолияти китобдорӣ ,дар соли 2016- ум фаъол шуд:

- Бо ташабуси Маркази такмили ихтисоси Китобхона чорабинии маърифатӣ таҳди унврни «Русияи муосир чӣ мехонад» бо дастгирии Фонди маърифатию - фарҳангии «Содействие» ва Китобхонаи давлатии Русия рўзи 22 январ, аз соати 10 то 13 дар ошёнаи-3, толори-№39 бо иштироки мутахасисони соҳаи китобдорӣ ва сардорони шуъбаву Марказҳо баргузор гардид: бо сарварии директории Китобхона Сайфиддин Назарзода ва намояндагони Русия Татьяна Козлова ва намояндагони Китобхонаи Давлатии Русия Дударева Екатерина ва Миронова Татьяна оиди мақоми китоб дар даврони муосир баромад намуданд, пос бо муҳокимаҳои илмиву амалӣ ин чорабини ба охир расид.


- Бо дастгирии Фонди маърифатию- фарҳангии «Содействие» ва Китобхонаи давлатии Русия рўзи 22 январ 112-дона китоб ба Китобхонаи Миллӣ туҳфа гардид.
 

Рўзи 21-ум бо иштироки меҳмонони даъватшудаи Русия ва Китобхонаи Миллӣ ба кӯдакистони №1-и шаҳри Душанбе ба директорӣ хонаи кудакон Мегниева Рукатмо Каландарова, 42 китоби бачагона ва дискҳо тақдим карда шуданд.

-  Аз 18 нафар кормандони ғайритахасусии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар курси омўзиши «Компютерӣ» чалб карда шуда буданд, 14 нафарашон бо ширкати директории Китобхона, профессор С. Назарзода сертификат супорида шуд.

- Ҷараёни курси омўзишӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ бо собиқадорони соҳаи китобдорӣ Елена Абдуллоҷонова.

- Чорбинӣ дар Маркази такмили ихтисос дар бораи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ( Сарқонун)  Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба ( Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки 28-нафар тачрибаомӯзони ДМТ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва кормандони Маркази такмили ихтисос.

- Зарфи 9-моҳи соли равон 4-мақола аз ҷониби мутахассисони Марказ ба рўзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Паёми Душанбе» бо номи «Китоб сарчашмаи илм», « Ба қадри ин немат бояд расид» ва ғайра  ба чоп расид.

- Кормандони Марказ дар ободонии атрофи Китобхонаи миллӣ.

- Дар ин 9 моҳ ба 125 нафар кормандон ва таҷрибаомўзони Донишгоҳи Милии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарханги ба номи Мирзо Турсунзода Академияи иқтисодии Русия, Донишкадаи славиянию - тоҷикӣ ва коллеҷҳои Фарҳанг ва дигарон дар Маркази такмили ихтисос таҷрибаомўзии истеҳсолӣ гузаштанд.

- Бо ҳамкории Китобхонаи патентию-техникии Вазорати иқтисодии Тоҷикистон дастрас намудани 12 дона китобҳои Таснифоти Даҳгонаи Унверсалӣ ҷиҳати ташкили курси омўзишии УдК  барои кормандони Китобхонаи миллӣ ҳисагузорӣ намудем.

Кормандони Китобхонаи миллӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 18 то 27-уми июли соли равон курси кўтоҳмудати сайёр гузарониданд ва бо ин васила 40 нафар кормандони Китобхонаҳои ВМБК  соҳиби сертификат шуданд.

- Ин гуна курси такмили ихтисос дар водии Рашт низ гузашт ва дар он 45 нафар ширкат карданд. 

- Дар айни замон курси омўзиши Таснифоти даҳгонаи унверсалӣ   дар Маркази такмили ихтисос давом дорад, ки онро корманди собиқадори соҳаи китобдорӣ   Раъно Камолова мегузаронад. Дар ин курс 22 нафар навомӯзон ширкат доранд.

- Аз 19-то25-уми сентябр дар вилояти Хатлон курси кўтоҳмудати такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо баргузор гардид,ки дар он зиёда аз 50-нафар иштирок намуданд, ки иштирокчиёни ин курс бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд ва роҳбарии ин грўхро муовини аввали директори Китобхона С. Сафаров ба уҳда дошт.

- Ба 21-нафар кормандони Китобхона ёрии амалии шифоҳӣ оид ба Тас.Даҳ.Унверсалӣ расонида шуд;

- Аз 10-то17-уми сентябр дар минтақаи Кулоб  курси кўтоҳмудати такмили ихтисоси кормандони Китобхонаҳо баргузор гардид,ки дар он зиёда аз 42-нафар иштирок намуданд, ки иштирокчиёни ин курс бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд ва роҳбарии ин гурўхро  директори Китобхона С.Назарзода  ба уҳда дошт..

Ҳамкориҳо бо олимони соҳаи китобдорӣ дар қитобхонаи Миллӣ

Ҳамкории маркази такмили ихтисос бо Китобхонаи миллии Тукманистон.


Юлчибой Мўсоев,
Муовини сардори
Маркази такмили ихтисос