17 нафар донишомӯзони шуъбаи рўзонаи китобдории Коллеҷи фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Буйдоқов таҷрибаи истеҳсолии худро дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расонданд.
Муддати бештар аз ду ҳафта онҳо бо барномаи «ALEPH», фаъолияти шуъбаҳои умумӣ, кадрҳо, ҳуқуқ, такмили адабиёт, коркарди адабиёт, феҳристнигорӣ, нигоҳдории китоб, хизматрасонӣ ба муштариён, матбуоти даврӣ, адабиёти хориҷӣ, рисолаҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, депозитарӣ, библиографияи миллӣ, абонименти байни китобхонаҳо, маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва иттилоотшиносӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, равобити байналмилалӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, автоматикунонии раванди китобдорӣ- иттилоотӣ, дасхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир аз наздик шинос шуданд.
Ҳамзамон онҳо дар Марказҳо, гўшаҳои фарҳангӣ ва бахшҳои Китобхонаи миллӣ аз он ҷумла, Маркзи такмили ихтисос, иттилоотӣ-ҳуқуқӣ, тоҷикшиносӣ, Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ, таҳрир ва ташхиси адабиёт, сабти ном, Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯшаҳои фарҳангии Арбистони Саудӣ, Чин, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ омӯзиш диданд.