Давраи нави омӯзишҳои компутерӣ барои 33 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ идома дорад

Баъди ду моҳ 33 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ соҳиби сертификатҳои донишҳои компутерӣ хоҳанд шуд.
Давраи нави омӯзиши компутерӣ барои 33 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар Маркази такмили ихтисос оғоз ва идома дорад.
Қарор аст муддати ду моҳ омӯзгори соҳибтаҷрибаи донишҳои компутерӣ Илҳоми Баҳром ба донишомӯзон кор дар барномаҳои  Microsoft Word, Excel, Power Paint, Photoshop -ро меомўзад.
Дар айни замон 33 нафар аз зумраи кормандони китобхона ба ин дарсҳои омӯзишӣ ҷалб шудаанд ва ин худ як барномаи ҳамешагӣ буда, баъди анҷоми давраи аввал, давраи дуюм ҳам оғоз ва теъдоди аз ин бештари кормандон ба он ҷалб карда хоҳанд шуд.
Ҳадаф аз ин барномарезӣ омода намудани кормандони сатҳи дониши компутерашон баланд мебошад. Барномаҳои ёдшуда ҷавобгӯи талаботи замонанд ва кормандони китобхона бояд аз ин донишҳо баҳра бардошта бошанд.
Баъди анҷоми муҳлати думоҳаи омӯзишӣ ба ширкаткунандагони он шаҳодатномаҳои хатми давраи омӯзишӣ дода хоҳанд шуд.