Кабутарҳои маҳфили “Дастони моҳир”: Чаро кабутар рамзи сулҳ шуд?
Нашр шуд 2016-06-15 18:34
Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи кабутари сулҳро интихоб кард ва ин бесабаб ҳам набуд. Мо дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва кабутар худ рамзи ҳамин сулҳу ваҳдат аст.
Дар оғоз чун анъанаи дерин муаллим хонандагонро дар бораи номи мавзуъ пурсид ва хост донад, ки бо кабутар ҳама ошноянд ва дар бораи ӯ киҳо чӣ медонанд.
Маълум шуд, ки кабутарро чун рамзи сулҳу оштӣ ва барандаи паёмҳои нек аксарият мешиносанд.
Ва сипас атфол-ширкаткунандагони маҳфил шуруъ карданд ба сохтани кабутар ва ё кашидани расми он.
Кабутари бачаҳои маҳфил маҳсули тахайюли худи онҳо буд ва ҳар кадом шабеҳи дигаре набуд. Ҳар кас бо диди худ наққошӣ кард ва ё онро сохт. Танҳо монд, ки он кабутаракон ба ҳаво пар кушоянд ва парвоз кунанд.
Чаро кабутар рамзи сулҳ шуд ва на паррандаи дигар?
Посухи ин суолро шояд ҳамагон интизоранд ва кам касон шояд таърихи ба паёмовару пайғомбари сулҳ ва мубаллиғи он табдил шудани кабутаронро донанд. Дар гузашта аз кабутарон ба унвони номабарони беминнат истифода мекарданд ва таърихи башар хеле зиёд ҳодисаҳоеро медонад, ки номаи кабутар дар кадом ҳолат ба соҳибаш расидаву ӯро шод ё маҳзун кардааст. Аммо ин як мавзуъи тӯлониву доманадорест, ки шояд замоне атрофаш мулоҳиза ронем. Вале на ҳоло.
Номи кабутари сулҳ асосан баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ва оғози Конгураи дуюми ҷаҳонии ҷонибдорони сулҳ зеҳни оламиёнро мунаввар кард.
Ин Конгура соли 1949 дар Порис ва баъдан дар Прог доир шуд. Пабло Пикассо – рассом ва пайкаратароши фаронсавӣ нишони онро кашид ва дар он бори аввал чун рамзи сулҳ кабутари сафед тасвир шуд. Ин кабутари сафед дар тасаввури Пикассо шохи зайтун дар минқор дошт ва дар ҳоли парвоз буд. Вале муҳаққиқон мегӯянд тасаввури он ки кабутар рамзи сулҳ аст, хеле барвақттар пайдо шудааст. Ҳатто дар Инҷил аз кабутаре ёд мешавад, ки ба киштии Нуҳи пайғамбар бо шохаи зайтун нишаста буд.
Ҳоло дар олам анъаноте ҳоким аст, ки дар мавридҳое кабутарони сафедро чун рамзи сулҳу суботу оромиш ба ҳаво ба парвоз меоранд. Чунончӣ, соли 1957 дар Иттиҳоди Шӯравӣ фестивали ҷавонон ва донишомӯзон баргузор шуд, ки ширкаткунандагонаш ҳазорҳо кабутарро ба ҳаво сар доданд.
Аммо дар гузашта кабутарон намоде аз бороварӣ дониста мешуданд ва хеле баъдҳо аз онҳо рамзи сулҳ тарошиданд.
Дар кишвраҳои Шарқи қадим, дар замоне, ки одамон ҳоло яккахудоиро намедонистанд ва ба худоёни зиёд эътиқод доштанд, кабутарон рамзи пайғомрасонони худоёнро доштанд.
Ва мегӯянд кабутар ба бозувони Пайғамбар (с) низ нишаста будааст.
Дар Руми қадим рамзи сулҳ кабутари Зуҳра буд, ки ба пиндори римиён дар кулоҳи Миррих лона гузошта буд.