Шаҳрибону Абдулоева: Дар баробари таҳсил, ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» омодагии ҷиддӣ мебинем
Нашр шуд 2019-09-25 10:54
Ҳар сол оғози моҳи сентябр оғози тараддудҳои нав дар Китобхонаи миллист. Рӯзҳоест, ки сафи хонандагони он аз ҳисоби афроди тозавуруд меафзояд. Баъзе рӯзҳо ончунон зиёд меоянд ва ба узвият номнавис мешаванд, ки баъзан то охири соати корӣ барояшон навбат намерасад. Инҳо асосан донишҷӯёнеанд, ки таҳсилашон ба тозагӣ шуруъ мешавад. Ҳамкорамон Абдуғаюр Саломов талош кард бо чанд тан хонандагон ҳамсуҳбат шавад.
Ӯ мегӯяд: Ҳамсуҳбатони мо Шаҳрибону Абдуллоева ва Амирҳамза Абулоев истиқоматкунандагони деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода мебошанд. Онҳо новобаста аз он ки маҳалли истиқоматашон дур аз пойтахт аст, давоми як ҳафта қариб ду - се маротиба ба шаҳри Душанбе, маҳз ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои мутолиа меоянд. Шаҳрибону айни ҳол донишҷўи соли аввал буда, тамоми адабиётҳои тавсиянамудаи устодонашро маҳз аз махзанҳои Китобхонаи миллӣ ҷуё мебошад. Амирҳамза бошад, хонандаи мактаби миёна буда, барои такмили ҷаҳонбинӣ ва сайқал додани дониш тез-тез ба китобхонӣ рў меоварад. Ҷолибтараш ин ки онҳо қариб тўли 4 сол мешавад, ки аъзои пайвастаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд ва пайваста ба ин боргоҳи маърифат меоянд. Шаҳрибону мегӯяд онҳо бештар ба ҳадафи ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба китобхона меоянд, зеро на ҳама китобҳое, ки барои иштирок бояд мутолиа кунанд, дар китобхонаи ноҳия ва зодгоҳашон пайдо мешавад.
Шаҳрибону Абдулоева: Мо дар баробари таҳсил, дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» омодагии ҷиддӣ мебинем. Алҳол ду даври озмуни мазкур сипарӣ шуд ва барои ду даври дигари озмун пайваста талош дорем, то абиёти зиёде аз эҷодиёти шоирони классику муосир аз бар намоем. То имрўз дар бисёре аз чунин озмунҳо иштирок намудаам, то ҷое дастболо низ гаштаам ва умед дорам, ки дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…» низ муваффақ мешавам. Бале имрўз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» пайи омода гаштани иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» як қатор китобҳои электронӣ гирдоварӣ намудааст, ки ба ҳар як муроҷиаткунанда бо фита пешниҳод месозад. Иқдоми мазкур кори хонанда ва ё иштирокчии озмунро боз ҳам сабуктар месозад, ки шахсан мо аз ин баҳраманд ҳастем.
Амирҳамза Абдулоев: Ман ба ин даргоҳ ба мақсади дарёфти адабиётҳои нодире, ки шумораашон дар ҷумҳурӣ бениҳоят кам аст, шояд танҳо аз Китобхонаи миллӣ имкони пайдо намуданаш бошад, меоям. Тўли 4 соле, ки аз имкониятҳои Китобхонаи миллӣ истифода мекунам, боре нашудааст, ки адабиёти дилхоҳамро наёбам. Ба ин хотир меҳр ва муҳаббати беандоза ба ин кохи бегазанд дорам. Чун то даври сеюми озмун фурсат ҳаст, имрўз ман пайваста мутолиа менамоям ва порчаҳои шеърӣ аз бар месозам. Давоми моҳи август зиёда аз 25 шеъри бачагона аз худ намуда, достони «Кўчабоғи ошиқон»-и Аминҷон Шукўҳиро аз бар кардам.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯгӯянд, ки ба шарофати Пешвои миллат дар тамоми ҷумҳуриамон китобхонаҳои замонавӣ бунёд гарида истодааст, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои мо насли наврасу ҷавон мебошад. Аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» низ бо мақсади сайқал додани дониши мо аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидааст. Бояд мо хонандагон ин озмунро имконияти хубе барои мутолиа ва аз бар намудани осори ниёгон истифода барем».
Суҳбаторо Абдуғаюр Саломов