Субҳи имрӯз, 4 сентяр, дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо ширкати густардаи аҳли илму адаб, адибон, олимон, ходимони давлатӣ, хонандагон, рӯзно манигрон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ифтитоҳ ёфт.
Ҳунармандони варзидаи кишвар бо як саҳнаи марғуберо аз таърихи китоб дар олам ва саҳми он дар рушди тамаддуни башарӣ ин ҷашнвораро ҳусни оғоз бахшиданд.