Фирӯза Аҳророва-гардонандаи маҳфили “Дастони моҳир” мегӯяд ин як маҳфилест, ки ба зеҳни кӯдакон кор дорад. Ҳадаф ҷалби хонандагони наврас ба он ки бияндешанд. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар мавзӯъи ин маҳфил дар зеҳни наврас чизеро ҳатман бедор мекунад ва ӯро водор месозад, ки ба корҳои созандагӣ майл пайдо кунад.
Ва ин бор мавзӯъи “Хӯрусаки тоҷбасар” интихоб
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ танҳо кадрҳои ҷавони босавод ва шахсиятҳои солимфикр метавонанд давлатро соҳибӣ карда, арзишҳои миллии онро ҳифз намоянд, дар амри амалӣ намудани мақсаду ормонҳои миллӣ ҳамчун фарзандони бонангу номус саҳмгузор бошанд, барои сарбаландии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва пойдории давлат ҷаҳду
Асри XXI давраи босуръати илму техника ва техналогия, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмўъ таҳавулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омўзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Зеро дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рўз ба рўз ба манбаи арзишманд ва пурқиммати башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар
Ҳар сол оғози моҳи сентябр оғози тараддудҳои нав дар Китобхонаи миллист. Рӯзҳоест, ки сафи хонандагони он аз ҳисоби афроди тозавуруд меафзояд. Баъзе рӯзҳо ончунон зиёд меоянд ва ба узвият номнавис мешаванд, ки баъзан то охири соати корӣ барояшон навбат намерасад. Инҳо асосан донишҷӯёнеанд, ки таҳсилашон ба тозагӣ шуруъ мешавад. Ҳамкорамон Абдуғаюр Саломов талош кард бо чанд тан хонандагон ҳамсуҳбат шавад.
Чунин ном дошт семинар-тренинге, ки бо ташаббуси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки оила ва фарҳанги оиладорӣ як самти басо муҳими сиёсати кишварҳои олам аст. Ва муҳаббат пояи аслии устувории оилаҳо мебошад.
Яке аз санадҳои тақдирсоз дар таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ин Фармони Президенти ҶТ
Як ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳо, ки аз даҳ нафар иборат буданд, аввал аз осорхонаи китоб, ки онҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд. Баъдан, меҳмонон толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолро тамошо карданд. Дар ин толор зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.