Боздиди ҳайати ҷавонони Ҳинд аз Китобхонаи миллӣ

  Як ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Китобхонаи миллии  Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳо, ки аз даҳ нафар иборат буданд, аввал аз осорхонаи китоб, ки онҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд. Баъдан, меҳмонон толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолро тамошо карданд. Дар ин толор зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.

  Намоишгоҳ аз 3 қисмат иборат мебошад. Дар қисмати аввал адабиёт дар бораи муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин адабиёт доир ба соҳаҳои ҳуқуқ, сохтмон, энергетика ба намоиш гузошта шудаанд.

  Қисмати дуюми намоишгоҳро китобҳо оид ба илму маориф ва ҷашни Наврузи байналмилалӣ  оро ва зеб додаанд.

  Қисмати сеюми толори намоишгоҳи китоб бошад аз ҳама васеъ буда, адабиёт доир ба соҳаҳо ва мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, забону адабиёт, осори баргузидаи шоирони классику муосир, корнамоиҳои қаҳрамони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санъату фарҳанг, фалсафа ва дин ба намоиш гузошта  шудааст.

  Меҳмонон аз толорҳои дигари хониш ва толори хониши электронии Китобхона низ дидан намуданд.

          Фарзонаи МИРЗО