Боздиди ҳайати парлумони Ҷумҳурии Индонезия аз Китобхонаи миллӣ

   Як ҳайат аз парлумони Ҷумҳурии Индонезия бо роҳбарии муовини Раиси Палатаи намояндагон Фахрӣ Ҳамза аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Меҳмононро дар назди даромадгоҳ роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешвоз гирифтанд.

   Меҳмонон сараввал мусаввараи таърихиро, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, тамошо карданд. Ин мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи 5 ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир онро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст ва имрӯз он як рамзи ифтихори Китобхона мебошад.

   Баъдан онҳо аз осорхонаи китоб, ки он ҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, боздид карданд. Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ҳама қадимтарини онҳо ба асрҳои 13-14 тааллуқ доранд.

   Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат-Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.

   Ҳамзамон, ҳайати парлумони Ҷумҳурии Индонезия аз толори китобҳои тозанашри даврони Истиқлолият дидан намуданд. Дар ин толор зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.  

Фарзонаи МИРЗО

Аксҳои Хусрави Милод