Дирўз шурўъ аз субҳи барвақт як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ даст ба корҳои тозагиву ободонӣ ба боғи Китобхона заданд. Алафҳои боғ расидаву мавсими даравашон низ расида бу ва мебоист онро дарав мекарданд. Ин поккориро метавон як рӯзи дарави умумӣ дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ номид.
Боронҳои пай дар пайи фасли баҳор, ки аз миёнаҳои моҳи апрел шуруъ ба боридан карданд, имкон надоданд, ки алафи боғ сари вақт дарав шавад. Ва ин борон сабабгори расиши зуди алафҳо шуданд.
Рӯзи гузашта мардон дарав мекарданд, бонувон ҷӯйборҳоро аз хасу хасрубаҳо тоза мекарданд. Гурӯҳи дигари бонувон Китобхона барои корҳои низофату тозагии саҳни бино ҷалб шуданд.
Ин иқдоми тозаву ободкорӣ ба ҳусни зебои гирду атрофи Китобхона боз ҳусни тозае зам намуд. Зикр бомаврид аст, ки гузаронидани рӯзҳои низофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ анъанаи дерин аст.
Чанд расм аз чанд лаҳзаи ин ободкориву тозакорӣ дар Китобхонаи миллӣ.
Фарзонаи МИРЗО