Ҷалсаи тантанавӣ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ

  Профессор Мирализода қонеъ намудани эҳтиёҷи хонанда ба китобро вазифаи муқаддаси ҳар як корманди Китобхона донист. Шоир Хайрандеш ба унвони“Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ” сазовор гардид.

  Имрӯз баъд аз зӯҳр дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида 26  умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мулоқот бо кормандони Китобхона доир гардид.

  Бо сухани ифтитоҳӣ Директори Китобхонаи миллӣ , профессор Абдусалом Мирализода баромад намуда, кормандони Китобхонаро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд ва барояшон бурбориҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, орзуи озодиву ободии диёри хешро намуд.

  Абдусалом Мирализода  зикр намуд, ки  Китобхонаи миллӣ яке аз марказҳои фарҳангие мебошад, ки ҳамеша дар хидмати мардум аст. Хонанда аз мо ҳаминро тақозо дорад. Ҳар рӯз ба ин боргоҳи маърифат садҳо нафар ташриф меоранд ва онҳо касоне ҳастанд, ки ташнагони маърифатанд. Қонеъ намудани эҳтиёҷи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як корманди Китобхона аст.

Дар идома профессор Мирализода афзуд: “Имрӯз маҳз ҳамин шарофати Истиқлолият аст, ки мо озодона ба кӯчаву хиёбонҳоямон гаштугузор мекунем. Давлатҳое ҳастанд, ки инқадар шукуҳу шаҳомат доштанду абарқудрат буданд, вале бубинед имруз дар чӣ аҳволанд?   Беҳтарин неъмати бузурги руйи олам маҳз тинҷиву осоиштагӣ ва суботи ҳамешагист. Ин неъматро пос бояд дошт. Месазад, ки шукронаи Истиқлолият, шукронаи ободиву озодии кишварамон кунем”.

Дар қисмати дуюми ҷаласа намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  ба ҳамкорамон, шоири маъруф Хайрандеш аз номи Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода унвони “Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ” доданд.