Компютерро биёмӯзем
Мошини Чарлз Беббиҷ аз рӯи хусусиятҳо ва қисмҳои пешбинишудааш ба мошинҳои ҳисоббарори муосир хеле шабоҳат дошт. Он ба монанди компютерҳо хотира, қисми коркардабароии маълумот, қисми дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот ва ғайраро соҳиб буд. Ҳатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд. Онҳо аз тарафи аввалин барномасозии ҷаҳон, духтари шоири инглис Ҷон Байрон — Ада Ловлейс навишта шуда буд. Имрӯз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонҳои барномасози «Ада» гузошта шудааст.
Компютер – роёна, инглисӣ: computer – дастгоҳе аст, ки метавонад барномарезӣ шавад ва ҳама гуна дастурҳои илмиро ба сурати худкор анҷом диҳад. Роёнаҳо ё компютерҳо метавонанд аз маҷмуъае азими дастурҳо ба номи “барнома” пайравӣ кунанд.
Дар забони инглисӣ компютер ба дастгоҳи худкор гуфта мешавад, ки муҳосиботи риёзиро анҷом медиҳад. Таърихи пайдоиши он зина ба зина як фосилаи дури замониро тай кардааст. Соли 1642 олими фаронсавӣ Блез Паскал мошини механикии ҳисобкуниро ихтироъ намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард. Соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вилгелм Лейбнитс мошини ихтирокардаи Паскал — ро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Соли 1820 олими фаронсавӣ Чарлз Калмар арифмометрро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Дар нимаи авали асри 19 математики бузурги англис Чарлз Беббиҷ лоиҳаи мошини универсалиросохт, ки онро худи ӯ мошини аналитики номид.
Мошини Чарлз Беббиҷ аз рӯи хусусиятҳо ва қисмҳои пешбинишудааш ба мошинҳои ҳисоббарори муосир хеле шабоҳат дошт. Он ба монанди компютерҳо хотира, қисми коркардабароии маълумот, қисми дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот ва ғайраро соҳиб буд. Ҳатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд. Онҳо аз тарафи аввалин барномасозии ҷаҳон, духтари шоири инглис Ҷон Байрон — Ада Ловлейс навишта шуда буд. Имрӯз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонҳои барномасози «Ада» гузошта шудааст.
Ба ғайр аз мошинҳои механикӣ боз мошинаҳои механикӣ боз мошинаҳои мошинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.
Соли 1937 олимони амрикоӣ Ҷорҷ Атанасов ва Клиффорд Бери ба сохтани мошини ҳисоббарории электронӣ сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки барои ҳалли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуӣ истифода карда шавад.
Мошинаи пуриқтидори ЭНИАК соли 1945 дар Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА таҳти роҳбарии П. Эккерт ва Ҷ. Моучли сохта шуд.
Бо ҳамин қарни компютер қадамҳои аввалини худро гузошт.
Компютерҳо вобаста аз базаи омилӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира ба наслҳо ҷудо карда мешаванд. Ин ҷудокунӣ хеле шартӣ буда, компютер метавонад аз рӯи базаи омилиаш ба як наслу ва аз рӯи хосиятҳои сохтор насл мансуб бошад.
Сифати асосии компютер зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврии он мебошад. Зудкорӣ — бо миқдори миёнаи амалҳои мошина, ки дар як сония иҷро карда шудаанд баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ — бо миқдори калимаҳои мошинӣ чен карда мешавад. Дар замони ҳозира панҷ насл маълум аст:
Насли якум. Насли якуми компютер ба солҳои 40 — 50 — ум рост меояд. Базаи омилӣ — лампаҳои элоктронӣ, зудкорӣ — тақрибан 100 амал /сон, ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 100 калима, реҷаи истифодабарӣ — монополӣ: захираҳои мошинӣ ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс.
Насли дуюм. Насли дуюми компютер ба солҳои 50 — 60 — ум рост меояд. Базаи омилӣ — транзисторҳо, зудкорӣ — тақрибан 10 000 амал/сон., ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 000 калима,ҳаҷми хотираи берунӣ (дискҳо, лентаҳои магнитӣ) — тақрибан 10 млн.калима, реҷаи истифодабарӣ — коркарди пакетӣ, навишти барнома — забонҳои алгоритмӣ.
Насли сеюм. Насли сеюми компютер ба солҳои 60 — 70 — ум рост меояд. Базаи омили — схемаҳои интеграли калон, зудкорӣ — тақрибан 10 млн амал/сон., Хаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 млн калима, ҳаҷми хотираи берунӣ — тақрибан 10 млрд калима, усули истифодабарӣ — реҷаи вақти тақсимкардашуда бо коркарди пакетӣ.
Насли чорум. Аз солҳои 70 — ум сар карда насли чоруми компютер ба истеҳсолот роҳ ёфтанд. Базаи омилӣ — схемаҳои интегралии аз ҳад калон, зудкорӣ — тақрибан як млрд амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 млн калима. Усули кор — истифодабарии шаклҳои шабакавӣ ва алоҳидаи компютерҳо.
Насли панҷум. Лоиҳаи мошинаҳои насли панҷум дар зинаи амалишавӣ мебошанд. Вале аллакай аз ин лоиҳаҳо ва нусхаҳои таҷрибавии компютер хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин ҷо зудкорӣ бо хулосабарориҳои мантиқӣ омехта гардонида мешаванд. Усули муносибати байни истифодабаранда ва компютер — мубоҳиса бо усули муқаррарии муоширати байни одамӣ мубаддал мегардад.
Дар толори хониши кӯдакон ванаврасони Китобхонаи миллӣ қатори китобҳои дигар барои омӯзиши компютер низ як силсила китобҳое мавфуданд, ки яке аз онҳо “Изучаем компьютер” ном дорад. Ин китоб як муқаддимаи амалӣ барои омӯзиши компютер буда, хеле содаву осон роҳҳои вуруд ба олами техникаи компютериро нишон додааст.
Муаллифи он Александр Дуванов буда, китоб соли 2011 дар шаҳри Маскав интишор ёфтааст.
Таҳияи Шаҳноза Дониярова
Расми Фирӯз Нураҳмадов