Подшоҳи Ҳиндустон расуле фиристод ба Нўшервон, ки: «Ман ба подшоҳӣ аз ту авлотарам, хироҷ ба ман бифирист».Нўшервон расулро фуруд овард ва дигар рўз бор бидод. Меҳтарон бихонду расулро ҳозир кард ва гуфт: «Ҷавоби пайғом бишнав». Пас Нўшервон сандуқе бихост.Бигушоду сандуқчае аз ў берун кард ва муште кабар (навъе аз гиёҳи хордор) аз он бароварду расулро дод ва гуфт: «Ба вилояти шумо аз ин бувад?».
Гуфт: «Бисёр бувад». Нўшервон гуфт: «Бирав малики Ҳиндро бигўй: Нахуст вилояти хештан ободон кун, ки ҳама вайрон гаштааст ва кабар гирифтааст ва он гаҳ тамаъи ободон кун, ки агар дар вилояти ман бигардиву як бун кабар биҷўӣ, наёбӣ. Ва агар ман бишнавам, ки андар вилояти ман як буни кабар аст, омили он ноҳиятро бар дор кунам».
Ва подшоҳ чунон бояд, ки бар ниҳоду равиши он подшоҳон равад, ки пеш аз ў будаанд ба некўкирдорӣ ва пандномаҳои эшон бархонанд, ки эшонро зиндагонӣ бисёр будаасту таҷрибатҳои бисёр афтодааст ва нек аз бад бадар овардаанд.
Ва Анўшервон бо ҳама некўсиратӣ кутуби муқаддамон фурў хондӣ ва ҳикоятҳои эшон дархоставу бар сирати эшон рафтӣ. Пас подшоҳони ин замона сазовортар, ки чунон кунанд.
Ин ҳикоят аз китоби “Насиҳат-ул-мулук”-и Муҳаммад Ғазолӣ оварда шуд. Китоби мазкур, ки як пандномаи хубест, соли 2011 дар шаҳри Душанбе (нашриёти “Ирфон”) чоп шудааст. Китобро шумо дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.
Таҳияи Шаҳноза Сокинова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.