Гулбадаст Муродова дуввуми октябри соли 1998 дар деҳаи Янгишахри ноҳияи Лахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии раками якуми ноҳияро соли 2016 хатм карда, ҳоло донишҷўи соли 4-уми факултети химияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Дар тарбияи завқи эҷодии Гулбадаст модаршон Гулсимо Муродова,ки муддате директори китобхонаи марказии ноҳия буданд,саҳми босазо гузоштаанд.
Гулбадаст дар озмунҳои зиёди адабию фархангӣ иштирок карда,сазовори ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳои зиёде гаштааст.
«Сайри лахш» маҷмўаи нахустини ашъори Гулбадаст Майно буда,аз ин маҷмўа шеърҳои дар солҳои гуногун эҷод намудаи ин шоираи навқаламро мутолиа карда метавонед.
Китоб соли равон дар нашриёти “Истеъдод” ба теъдоди 500 чоп шудааст.
Шаҳноза Сокинова