«Маҳабҳарта» ба забони санекрит иншо шуда, маънояш «Қиссаи авлоди Бҳаратаҳои бузург» мебошад. Он чун ҳамосаи Ҳинди бостонӣ дар асоси қиссаву ривоятҳои мардуми Ҳиндустони Шимолӣ дар нимаи дуюми ҳазораи дуюми то милод иншо шудааст. Муҳақиқон онро ба қалами ҳаким ва шоири қадими Ҳинд Кришна Двайпаяна Виаса мансуб медонанд.
«Маҳабҳарта» аз 85 ҳазор бандҳои чаҳормисраӣ / шлок / иборат буда, 18 китобро ташкил додаст. Мундариҷаи асосии достон дар атрофи муборизаву набардҳои фарзандони шоҳи афсонавӣ Бҳарат барои барқарор кардани ҳукумати Ҳастинапура /Деҳлии имрўза / сурат гирифтааст.
Аз рўи нишондоди муҳақиқони «Маҳабҳарата» бармеояд, ки ҳар як ба сари худ мустақил буда, мавзўъ, сужет ва образҳои ба худ хос дорад ва китобҳо ба якдигар иртиботе надоштанд. Ин аст, ки мавзўи сужет ва образҳои достонҳои «Маҳабҳарата» ба адабиёти халқҳои ба Ҳиндустон наздику ҳамсоя Индонезия, Бирма, Кампучия, Шри –Ланка, Таиланд таъсири амиқе расонида, барои адабиёти ин халқҳо ва пайдоиши эпосу достонҳои халқӣ чун замина ва манбаи муҳим хизмат кардааст.
Лозим ба ёдоварист, ки «Маҳабҳарта» ва дигар достонҳои Ҳинди қадим баробари ба адабиёти халқҳои ҳамсоя таъсир доштанаш, ба адабиёти қадими тоҷику форс низ иртиботи қавӣ дорад. Махсусан, иртиботи онро бо «Авесто», «Бундаҳиш», «Ёдгори зарирон», «Динкард», «Дарахти асурик» ва ғайра қайд кардан бамаврид аст.
«Маҳабҳарата» ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудааст. Тарҷумаҳои тоҷикии он ба асри XV рост меояд. Дар асри XVI бо супориши шоҳ Акбар як гурўҳ донандагони забони санскрит, браҳманҳои ҳиндӣ, Файзӣ, Абдулқодири Бадоюнӣ, Нақибхон, Мулло Шерӣ, Муҳаммадсултони Таҳонсирӣ онро ба забони тоҷикӣ бо номи «Размнома»тарҷума намуданд. Махсусан тарҷумаҳои қиссаи «Нал ва Даман», қисматҳои фалсафию ахлоқии он, ки аз ҷониби Файзӣ ба риштаи назм ва таҳрир кашида шудааст, ба дилу дидаи хонанда зуд роҳ ёфта, аз ҳунари тарҷумонӣ ва донандаи хуби забони санскрит будани Файзӣ далолат мекунад. Дар асрҳои XVII –XVIII аз тарафи Дорошукўҳ, Абулҳасани Ҷабалӣ, Абўсолеҳи Шаиб, Ҳоҷӣ Рабеи Анҷаб ва дигарон қисматҳои «Маҳабҳарата» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва паҳн карда шудааст.
Хулоса «Маҳабҳарата» тавассути мавзўъ, образ, сужетҳои ранго-ранги худ ба адабиёти халқҳои олам таъсир расонида, илҳомбахши шоирону гўяндагон, нависандагон, меъморону ҳайкалтарошон, наққошону драманависони қадим, асри миёна ва муосир гардидааст. Ин аст, ки онҳо мувофиқи завқу салиқа ва тақозои замону макон аз «Маҳабҳарата» ба ҳар восита истифода кардаанд.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.