Activities calendar

06 апреля 2020

COVID-19: Низоми нави вуруд ба Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз низоми вуруд ба Китобхонаи миллӣ дигар шуд. Акнун қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд. Ҳадаф пешгирӣ аз вируси короно ва эҳтиёт аз ҳодисаҳои номатлуби гирифторӣ ба ин вирус аст.

 

Нақши китоб ва китобхонаҳо дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас

 Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама 

“Тоҷикон”-и Аллома Бобоҷон Ғафуров дар маҳфили “Ҳамешабаҳор”

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”. Дар оғози дуюмин моҳи баҳор, баъд аз асри рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин чорабинии муштараки маҳфил ва шуъбаи кўдакон ва наврасон буд, ки қисми аввали китоби « Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Адабиёти Руми Бостон

 Ҷамъияти ғуломдории Рум ҳамон зинаҳои инкишофро аз сар гузаронидааст, ки Юнон гузаронида буд. Аммо ба таъбири Ф. Энгелс ҳамин ҷараён ё зинаи инкишоф дар сатҳи олӣ такрор шудааст. Руми Қадим аз давлатҳои зиёд, аз ҷумла, аз Юнон маданияти қадимро омўхтааст. Румиён аз адабиёти Юнон ба саволу дархостҳои зиёди худ ҷавоб ёфта, жанрҳои асосӣ, образҳо, сюжетҳо, шаклҳои адабиеро, ки барои адабиёташон хос буд, истифода кардаанд.