COVID-19: Низоми нави вуруд ба Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз низоми вуруд ба Китобхонаи миллӣ дигар шуд. Акнун қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд. Ҳадаф пешгирӣ аз вируси короно ва эҳтиёт аз ҳодисаҳои номатлуби гирифторӣ ба ин вирус аст.

Хушбахтона, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар то кунун дар Тоҷикистон ягон нафар ба вируси короно, ки саросари оламро ларзондааст, сироят нашудааст. Тибқи иттилои ин манбаъ кулли касоне, ки аз кишвраҳои хориҷӣ меоянд, ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд. Дар карантин онҳо аз ташхиси комил мегузаранд ва танҳо баъди он ки ин муҳлат гузашт ва дар онҳо нишонаҳое аз короно ошкор нашуд, ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо дарки масъулият пеши миллат ва мардуми Тоҷикистон аз имрӯз низоми дигари вурудро ба роҳ монд ва ҳадаф танҳо роҳандозии чораҳои пешгирист, ки табибон ба он таъкид мекунанд.

Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ.