Рӯзи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи корӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз аз тоза кардани атрофи бино Китобхона оғоз шуд. Ҳадаф омодагӣ ба истиқболи баҳор аст, ки ҳамакнун ба диёри мо қадам мегузорад. Кормандон бехи дарахтонро нарм карданд, заминҳоро побел намуданд, аз гиёҳҳои хушкшуда тоза карданд ва ҷӯйборҳоро ҳам омодаи об ба ниҳолҳои навбар намуданд. Ин чанд акс аз ин талошҳост.