Мо шеър пайи шўҳрати дунё насурудем,
Бо шўру дағо шўҳрати ҳудро нафузудем…
Ҳангоми мутолааи ашъори Равшани Ҳамроҳ ҳамин гуна иштиёқе дар ғояти аҷз ва шикастанафсӣ ба чашм мехўрад, ки ин қазия аз дасту дили поки шоир дар ҷодаи ҳақиқии эҷод иттилоъ медиҳад. Қаблан ҷуз пора – пораву аз ҳар куҷо офаридаҳои ин шоири танзгарои хушқариҳаро, ки ба даст меовардам, мехондам; аммо ҳанўз як андешаи мушаххасу комиле перомуни бардошту баракати қалами ў бар худ надошта будам. Ниҳоят ба тавассути