Чанд рашҳаи қалам. (Сарсухани Юсуфҷон Аҳмадзода ба китоби Равшани Ҳамроҳ)
Мо шеър пайи шўҳрати дунё насурудем,
Бо шўру дағо шўҳрати ҳудро нафузудем…
Ҳангоми мутолааи ашъори Равшани Ҳамроҳ ҳамин гуна иштиёқе дар ғояти аҷз ва шикастанафсӣ ба чашм мехўрад, ки ин қазия аз дасту дили поки шоир дар ҷодаи ҳақиқии эҷод иттилоъ медиҳад. Қаблан ҷуз пора – пораву аз ҳар куҷо офаридаҳои ин шоири танзгарои хушқариҳаро, ки ба даст меовардам, мехондам; аммо ҳанўз як андешаи мушаххасу комиле перомуни бардошту баракати қалами ў бар худ надошта будам. Ниҳоят ба тавассути хонуми кирои таъриф –Латофатбону, ки воқиан, дастгир ва ҳамешағамхори адибони хушсалиқаи атрофу акноф, хосса, музофотианд, ба як даста ғазалхои хушоби ин шоир ошноие пайдо кардам. Аз он ки дар тадвину таҳрираш сарфи вақт кардаам, ризомандам. Ба ҳиҷ ваҷҳ дареғ нахохам хўрд.
Шоир қабл аз ҳама ватандўсту меҳанпараст аст чун сарчашмаи эҷод нахуст меҳри муқаддаси зодгоҳ аст, таъвам бо маҳаллу ҳамсояҳояш. Ҳар ки аз ин эҳсоси табаррук дурр аст, ба як умр кўр аст. На ҳуввияти хеш додан, на қадри дарвеш, на миллату модарро беш. Хушо, ки ин шоири заҳматпеша орӣ аз инҳост, ки аз гуфтаҳояш пайдост :
Дидори ту муяссари ман, эй Вашан, шавад,
Хорам ба гул биёяду бедам чаман шавад.
Пас, маълум, ки шоир зодаи хоки шоирпарвари Зарафшон, аз мағз-мағзи кўҳистон, аз ҳаволии ноҳияи Айнӣ мебошад.Чунончи деҳе қадими Вашан он ҷост, ки бо як насталҷии аҷиб ҳангоми дур аз он буданаш низ аз боғу дарахтонаш, оби ҷўйбораш таъкид мекунад:
Дарахти боғи ман мепурсад аз об,
Ки Равшан дар Вашан мешуд, намешуд?!
Аз барасии шеърҳои Равшани Ҳамроҳ кас ба чунон хулосае хоҳад омад, ки мўҳтавои офаридаҳои ў, ки дар ин маҷма ҷамъоварӣ карда шудааст, мамлӯи танз ва зарофатҳои нозук буда, ин шеваи пурэҳсос дар шеърҳои ошиқонааш низ бармало буруз карда, чунончи:
Эй, ки бо худ мебарӣ пайваста ороми маро,
Модарам бардошта бо номи ту коми маро.
Аз ду чашми обгуну холи болои лабат
Обу дон бахшо ба серӣ мурғи илҳоми маро…
Ё:
Бо нигоҳи худ нигоҳатро кунам шоме никоҳ,
Бо лабонам ошно созам лаби нӯши туро.
Аслан , дар қолаби ғазал, ки арўси шеър хонанд, гуфтан ва овардани ҳарфу ҳиҷоҳои хоса ҳаҷв ва таъну танз чандон осон нест. Аз гўянда ва офаранда, қабл аз ҳама, ҳиммати лутф, ҳиддати қариҳат ва вуқуфи комили ин ҳирфаи мушкилписандро талаб мекунад тавъам бо ҷасорате азим. В-агарна, шоироне чун Сўзанию Убайди Зоконӣ дар мо ангуштшумор намебудаанд. Аммо боиси хушнудист, ки ин шоир то ҷое фарохури ҳол ба мақсад расидааст. Дар ин ғазал бо як оҳанги равон ва зебою зариф тавонистааст мақсади худро баён кунад:
Ғариби шаҳри ишқатро бигирӣ пешвоз имшаб,
Ба домони ту, эй покиза, мехонам намоз имшаб.
Дилам дар сина меларзад мисоли дорбоз имшаб,
… Худо умри дарозат бахшад, эй ошиқнавози ман,
Шаби ман то шавад кўтаҳ аз он мўи дароз имшаб.
Магар боиси шодмонию сазовори таъриф нест гунаи чунин кадоме омиёна ва равону осон ва ибороте мутаносиб амсоли «ба дори гардан» чун мўри низор хазидани чашму дар сина ба сони дорбоз бо эҳтирос ларзидани дил ва кўтаҳ шудани шаби ошиқ «… аз он мўи дароз имшаб»?! Аз ин лиҳоз мутмаин метавон буд, ки шоир дар ин ҷодаи ниҳоят ҳассосу пурэҳтиром ва пурэҳтиром дастбурде ба нафъи худ касб карда ва кор низ аз ин корхона биёзмуда. Бад-ин мисдоқ ғазале дигар ҳарчанд бо радифе «имшаб»:
Ёдаш бахайр! Ўро ман ёд кардам имшаб,
Афсонаи ширин эҷод кардам имшаб.
Дар шаҳри мо бино шуд қасри ҷадиди фарҳанг,
Қасре зи ишқ аз нав бунёд кардам имшаб.
Фарёди талхи чокак ногаҳ ба гўшам омад,
Аз сина мурғи дилро озод кардам имшаб.
Фарёдрас, надидам бар дарди дил ба ҷуз ў,
Дар кўчаи хаёлаш фарёд кардам имшаб.
Обод бошад, эй кош, ў дар замони вайрон,
Вайронаи диламро обод кардам имшаб.
Дар намунаи шеърҳои Равшани Ҳамроҳ ҷо-ҷо калимаву ибораҳое фарҳангитабор низ оварда шудаанд, ки аз ағлаби онҳо маҳдудан ва хеле бо эҳтирос кор фармуда мешаванд, бавижа дар ғазал. Аммо шоир онҳоро бо як диди пухта, ба мавқеъ, дилрасу хушбархўрд кор фармуда, миёни каломи ноби мо, ки дар ғояте нозук ва пурэҳтирос аст, бебокона ҷой дода тавонистааст. Ҳангоми ошноӣ бисёре аз онҳо бегонагие бар худ эҳсос намекунанд, чунончи:
Ман мисоли дастгоҳи нусхабардори замон,
Мўҳри гулҳои кафи пои туро дидам ба чашм.
Дар миёни ҳафт милярд одами рўи замин,
Чашм худ бикшодаму танҳо туро дидам ба чашм.
Ё дар пораҳои дигар:
Дивидии ёдҳоям медиҳад аз нав нишон,
Он чи дар ин роҳи ноҳамвор дидам солҳо.
Тилгироми маргро бошӣ чаро ту интизор,
Навҳа дар рўзи азои халқ бонги огаҳист.
Ин ҷо мавқеи тазаккур низ ҳаст, ки сиришти шеъри мо аз наёкон то ба имрўз мамлўи адаб аст. Кадом намуди шеър, ҳатто намунае аз ҳаҷву нақз, ки ҳам бошад, заррае хашму хадук ва вожаҳои берангу рўҳ. Хоса мулоимхунукро дар худ ҳаллу ҳазм карда наметавонад. Мутаасифона, ин гуна вожаҳои бегонаву гўшхарош дар шеърҳои ин шоири хушбаён низ, гарчи кам дар каманд, амиқ эҳсос мешаванд. Аз ин гуна калом иҷтиноб ва эҳтироз бояд кард ҳарчанд вожаи «хунук»-ро, ба диди ман, хеле гарму нарм дар як ғазалаш ба қалам омадааст:
Танпарастӣ дар таҳи ин чархи саргарон хунук,
Хотири ҷамъ аз барои зодаи инсон хунук.
Дар зимистон камбағал шукронае бо танз гуфт:
«Дар диёри мо зи ҳар неъмат бувад арзон хунук».
Шишаи як роҳи ноҳамворро ҳамвор кард,
Бар раҳи пасту баландаш мезанад сўҳон хунук
… Гуфт наҷҷоре ба вақти назъи ҷонаш бар писар:
«Дасти ман дар кори бепул хўрд тобистон хунук».
Ин буд чанд рашҳаи қалам аз андешаҳои банда пиромуни ин китоби нави шоири пурумед Равшани Ҳамроҳ. Ба ҳар навъ ин ҳама посухи як фарди ношир ва адибпарвар. Агар навиштаҳои шоир шуморо писанд ояд, шодмонии мо низ физояд; агар не, ҷое гар малолате эҷод кунад. Чи хушо, ки шоир бар ин қазият пўзише хостааст, ҳалолаш бод:
Маънии ашъори Равшан талх бошад ин замон,
Эй шакарлабҳо, шумо, хонеду ширинаш кунед.
Юсуфҷон Аҳмадзода.
Бознашр аз китоби Равшани Ҳамроҳ “Дарахти оҳ”. Душанбе, 2013
Рӯнависи Шаҳноза Сокинова, мутахассиси Шуъбаи кӯдакон ва наврасон