Ҳафтаи китоби кӯдак ба охир расид. Ҳафтае, ки садҳо нафар ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо толорҳои хониши он аз наздик ошно шуданд. Ва аксари онҳо донишомӯзони мактабҳои миёнаву олӣ буданд. Ва боз гурӯҳе аз онҳо наврасону кӯдакон - хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ буданд.
Дар маҳфили “Дар суҳбати адиб”, ки бо ширкати нависанда Муҳаббат Юсуфӣ, сармуҳарири маҷалаи «Истиқбол» Робияи Холмирзо ва корманди клуби бачагонаи «Навниҳол» Рафоат Муллоева гузашт, хонандагон хеле фаъол буданд ва бо меҳмонони вориди баҳс сари навиштаҳои онҳо ва умуман шеърҳо ва ҳикояҳо барои кӯдакон наврасон шуданд.
Ҷонишинони директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова дар бораи маҳфил ва меҳмонони он суханронӣ карданд.
Муҳаббати Юсуф зодаи деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод мебошад. Соли 2005 шўъбаи ғоибонаи факултаи рўзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, муддате дар рўзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият» ҳамчун корманд ва аз соли 2007 то имрўз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба ҳайси мудири шўъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотию библиографӣ ва ҳамзамон сармуҳаррири рўзномаи тахассусии «Роҳнамои дониш» фаъолият намуда истодааст. Хабару мусоҳиба, лавҳа, мақолаю очерк ва ҳикояҳои навиштааш бо номҳои «Аҳди мардӣ», «Нишонаи шавҳар», «Муҳаббати пок», «Хиёнат», «Меҳри модар», «Ашки шодӣ», «Нигине миёни панҷ ангуштарӣ» ба қалами ў дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Соли 2003 китоби нахустинаш бо номи «Пайванди шикаста» ба табъ расида дар таҳия ва таҳрири дастурҳои илмию методӣ низ пайваста талош меварзад. «Китобчаҳои заррин: қисмҳои 1,2,3 (2008-2009), «Ҷашнҳои фархундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- сенарияи баргузории маҳфилҳои адабӣ (2008), Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» - мавод барои баргузорӣ» (2008), «Китобдори собиқадор: Китобномаи шарҳиҳолии Ҷўрабой Раҷабов» (2009), «Нури маърифат: Хулосаи адабиёт оид ба соҳаи табиатшиносӣ (2009), Нури маърифат: Хулосаи адабиёт оид ба таърихи халқи тоҷик (барои талабагони синфҳои 9 - 11) (2010), «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар: Маводи роҳбарикунанда (2009, Китобхона олами афсона: Сайёҳат ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар (2010), Китобхона олами афсона: дар шакли электронӣ (2010), Таранумгари олами вуҳуш: Китобномаи шарҳиҳолии Маҷид Салим (2010), Сарбаланде аз деҳи баланд: Маҷмўи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шоири кўдакон Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ (2010) маҳсули эҷодии Муҳаббати Юсуф мебошанд.
Тайи чанд соли охир муаллифи сенарияи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» мебошад.
Барои хидматҳояш дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ соли 2008 бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2013 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2014 бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешавад.
Аз соли 2014 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Фирўза Раҳимова, мутахассиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.