Баъд аз зӯҳри дирӯз, 25-уми апрел дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барномаи консертии хайриявӣ таҳти унвони “Мо ҳам метавонем” доир гардид.
Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР яке аз чор адиби бузурги Шарқи нимаи аввали асри XX шинохта шудааст. Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Ёддоштҳо» мебошад, ки бузургтарин асари насри адабии Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар он рӯзгори ҳамзамонони Айнӣ инъикос ёфтааст.
Леонид Леонов «Ёддоштҳо» - ро чун новеллаҳо шинохтааст. Воқеан, дар ин асар ҳикоя, қисса, ривоят, воқеаҳое тасвир шудаанд, ки риштаи пайванди онҳо сарнавишти муаллиф ва ҳунари эҷодии ӯст.
Шоири ватансарои тоҷик Бозор Собир тўли нимаи дуввуми солҳои асри гузашта ашъори шоирони маъруфи хориҷиро аз қабили Абай, Ҷорҷ Байрон, Апполиннер Гийом, Пабло Неруда, Расул Ғамзатов, А.А. Пушкин, А.А. Фет, Сергей Есенин, Сергей Граховский, Семён Липкин, Хосе Рисал ва дигаронро тарҷума намудааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик дар самти тарҷумаи бадеӣ намунаи беҳтарини тарҷумаҳо ба шумор мераванд. Таҳлилу баррасиҳои тарҷумаҳо нишон доданд, ки арзиши бадеии ин тарҷумаҳо аз ашъори худи Бозор Собир камтар набуда, шоир бо тарҷумаҳои худ дар адабиёти
Муҳаммадюсуф Имомзода Ректори Донишгоҳи мииллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия, доктори илмҳои филологӣ, профессор аст. Аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи илм дар Тоҷикистон мебошад, ки берун аз қаламрави кишвар низ соҳиби иззату икром аст.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 28-уми апрели соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии
Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзўъи «Бузғолаи шўхи ман» баргузор гардид. Сараввал муаллима Фирўза Аҳророва дар бораи бузғола нақл кард. Вай гуфт, ки бузу бузғола гунае аз ҳайвони хонагӣ буда, барои инсон фоидаовар аст ва дар таркиби ширҳои хушк, ки барои истеъмоли навзодон истифода мебаранд, аз шири буз низ илова мекунанд.