МАҲФИЛИ “ДАСТОНИ МОҲИР”: Бузғолаи шўхи ман

  Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзўъи «Бузғолаи шўхи ман» баргузор гардид. Сараввал муаллима Фирўза Аҳророва дар бораи бузғола нақл кард. Вай гуфт, ки бузу бузғола гунае аз  ҳайвони хонагӣ буда, барои инсон фоидаовар аст ва дар таркиби ширҳои хушк, ки барои истеъмоли навзодон истифода мебаранд, аз шири буз низ илова мекунанд.

  Буз ҳайвони аҳлӣ, яъне хонагӣ аст, аз хонаводаи говсонон, зерхонаводаи бузон, ҷинси бузҳо. Бачаи бузро бузғола меноманд. Бино ба маълумотҳои бостоншиносони Эрон бузро гузаштагони башарият 10 ҳазор сол пеш аз милод хонагӣ карда буданд. Пешгузаштаи буз навъе аз бузҳои кӯҳӣ будааст, ки ба форсӣ калубуз номидаанд. Он имрӯз танҳо дар соҳилҳои баҳри Эгей, Осиёи Хурд, кӯҳҳои Арманистон ва Осиёи Марказӣ вомехӯрад.

 Буз ҷонвари фоидаовар аст, гӯшту шири онро мехӯранд. Аз пўсташ бошад, ҳаргуна пойафзолҳо медӯзанд, аз пашми он либосҳои зимистона медӯзанд. 

   Барои бачаҳо бизғола ҷонварест мавриди писанд. Бахусус, дар моҳҳои аввал ба дунё омаданаш хеле бозингару чолок аст. Аз ин рӯ ба бачаҳои деҳот хислатҳои бозингарии вай басо мақбул аст.

Бо буз ва бузғола бачаҳо аз афсонаҳои “Бузаки ҷингилапо”, “Се бузича”, “Бузи айнакдор”, “Бузаки шўхи ман” ошноянд. Дар ин маҳфил маълум шуд, ки аксари бачаҳо ин афсонаҳоро медонанд ва ҳатто дар васфи бузғола шеърҳо низ аз бар кардаанд. Аз ҷумла ин шеърро:

                Бузғола дорам,

               Хушрўю зебо,

                Мебарам ҳар рўз,

                Ба чаро ўро.

                Агар шавад гум,

                Бузро ноёбам,

                Аз байни гулҳо

                Ўро меёбам.

  Муаллима бо хонандагон аз картон сохтани бузғоларо нишон дод. Онҳое, ки тавонистанд, сохтанд, касоне буданд, ки расми бузғоларо зебову ҷолиб наққошӣ карданд. 

  Шаҳноза Дониёрова,

сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон