Нависандаи халқии Қазоқистон Олжас Сулаймон дар бораи Муъмин Қаноат

 Форсӣ гўӣ, дарӣ гўи варо, 

                                ҳар чӣ мегўӣ, бигў.

 Лафзи шеъру дилбарӣ гўи варо,

                                 ҳар чӣ мегўӣ, бигў.

 Баҳри ман  танҳо забони модарист,

                               ҳамчу шири модараст,

Баҳри ў ташбеҳи дигар нест, нест,

                             Чунки меҳри модар аст.

Чунин гуфтааст Мўмин Қаноат.

Феълан тоҷикон аз ҳусни забони худ кам ҳарф мезананд.

 «Гул васфи худро намесарояд» –ин аз ҳикматҳои рўзмарраи чойхонаҳост.

  Ва инак шаҳодати таърих.

  Арабҳо Эронро тасхир карда, ишқро ба пирояи форсӣ ороста мекарданд ва месуруданд. Туркҳо шаҳрҳои Эронро тасхир карда, ишқро ба пирояи форсӣ ороста мекарданд ва месуруданд. Туркҳо шаҳрҳои  Эронро ғасб карда, шамшери охтаро ба ғилоф андохта шеваи дурушти худро аз шарбати дарӣ нарм месохтанд.

 Дар асрҳои миёна муодилае тарҳрезӣ шуд арабӣ забони олмон, туркӣ забони сипоҳиён, форсӣ забони шоирон. Ин тарҳбандии аҷиб муддати мадид маҳфуз монд.

Умари Хайём рисолаҳои машҳури худро дар илми ҳисоб ба лисони арабӣ таълиф намуд. Навоӣ ҳамчун шоири форсигў арзи вуҷуд кард.

 Чанде пештар ман китоби ашъори шоири туркро, ки дар қарни нуздаҳ зиндагӣ ва эҷод кардааст, хондам. Чун нафаҳмидам, дар шигифт мондам ва ба Муъмин сим задам, ў китобро ҳарф ба ҳарф ба ман чун аз форсӣ тарҷума кард. Забони шеъри туркӣ то қарни гузашта ҳафтод фисад аз форсӣ таркиб ёфта буд. Нутқи шифоҳии тоҷикон ва забони адабии форсӣ ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кўраи шеъри Рўдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷилло ёфтааст.

 Дарӣ тоҷи сари сафеди тамаддуни Эронист

 Ин ҷашни ҷовидонаи ҳамнаво, ин базми шодиёнаи пурсахо чандон танзим ёфта,  ки як қатра аз ҷоми давргардон нарехта.

 Бозори гарми меҳргон, ки гул асту ангур асту анор.

Мушт – мушт, хирвор –хирвор ҳар кас ба қадри тавоноияш бармедорад, ба қадри ҳиммату тавонияш бармегардонад.

Боре дар бозори Душанбе манзараи марғуберо дидам: ду тоҷики солхўрда бо ҷомаҳои беқасаб гўё дар мушоира сабқат мекарданд. Миёни онҳо барчоши хўшаҳои ангури тиллоранг медурахшиданд. Якеи эшон, ки саллаи дупеча дошт, дар вазни рубоӣ тараннум мекард, дигаре бо тоқии кўлобӣ ба сари бозориён достон мехонд. Ҳарфи «О» -и кўтоҳу дароз паи ҳам оҳанги фусунгаре эҷод мекард.

- Ин мунозира сари чист?

- Пархош мекунанд, - гуфт Муъмин. Марди салладор ҷои они дигарро гирифтааст. Бо лафзи дари ноб мўйсафедон ҳамдигарро менавохтанд, дашном медоданд.

   Ривояте ҳаст, ки туркони ришдароз шеърхонии Есенинро гўш медоданд ва сар меҷунбонданд ва мегуфтанд «шоири бузург аст» ҳарчанд, ки як ҳарфи русиро намешинохтанд.

   Дар миёни шоирони даригўй бо сомеа тафриқа наметавон гузошт. Зеро шеъри Ҷомӣ ва назми як шеърбоф яксон мутантан садо медиҳад.

    Дарӣ каломи гуворо ва фиребост. Мушкил аст ба шоир дар ин мулк суханварӣ ва сухансозӣ, дар ҳоле, ки ҳар бозаргон сухангў ва суханбоз аст.

   Меъмор дар Самарқанд ноком аст, чу осори меъмориаш ҳамаро тасхир мекунад. Ин фикр дар Душанбе дар шаби мушоира ба сарам омад. Ҳар тоҷик, ки ба шеър гуфтан оғоз мекунад, аз нахустин қадам бояст дар таносуб ва қиёси классикони асри тиллоӣ эҷод кунад.

  Ҷомеа ҷиддан сара мекунад ва миси зари мунқалибро мебарорад.Ҷомеа ҳамчунон валинеъмат аст. Ва кӣ медонад,ки ин ҳазор байти Рўдакӣ дар ёдҳо ҳазор байти бебаҳо дар ибтидо ва ё дар интиҳо офарида шудаанд.

   999 – раҳ ба як воҳиди кул аст. Якеро ҳама умр дар роҳҷўи мегузарад. Дигаре мекўшад он воҳиди кулро яку якбора бидуни тайи мароҳил дар манзили касногузар бигузорад.

  Ва ҳар ду мўъҷиба фаромўшӣ ва бенишонианд.

Асри бист Мирзо Турсунзодаро ба арсаи адабиёти ҷаҳон баровард. Ҷомеа гўш ба гуфтаҳои шоирони насли дигар медиҳад.

 Мунаққидон ва муҳаққиқонро қазоват ва тадқиқи ҳақбини эҷодиёти яке аз шоирони фаъол ва хуби кунунии Осиёи Миёна Муъмин Қаноат дар пеш аст.

  Мунаққидон ба хусусиятҳое, ки ўро ба сунатҳои классикӣ ва равандҳои шеъри нав дуҷониба ҷазб кадаанд ва шеваи нуҳати додаанд, бештар мутаваҷҷеҳ мешаванд.

  Як андоза шеваи зоҳидона ва парҳезгории шеъри тоҷикро дар қарни бист бояд аз омилҳои иҷтимоӣ биҷуяд ва шояд бар асари шеъри ирфонии классикии форсӣ, ки ҳазорсол дар он ҳукмфармо буд, биёбанд.

  Ғоя ва инсон лирикаи Мўмин Қаноат, Лайли ва Маҷнуни шеъри ў буданд ва ҳастанд.

  Мунаққидон шояд аз гуногунии мавзўъ, аз вусъати ҷуғрофии макони буду боши қаҳрамонҳои ў, аз оҳангҳои умумибашарии шеъраш, аз бурду бохти тарҷимаҳо сухан гўянд.

 Амри маъруф аст, ки шоир сафири сарзамини хештан аст. Шинохти шоир шинохтани халқи ўст. Вале барои халқи худ ў расули ҷомеаӣ башарӣ, намояндаи тамаддуни ҷаҳонист. Агар дар байни хонандагони худ маҳбубият пайдо кунад, ҷаҳоне, ки дар шеъри ў инъикос шудааст, ҷаҳони эшон мегардад. Чунин рисолати шоир.

 …Гоҳе ба қишлоқи дурдасти кўҳистон меравам ва худро муаррифӣ мекунам: ман  дўсти Муъминам.

  Орзў мекунам, ки замоне дўстам китобчае ба табъ бирасонад аз дуҳазор байт, хурдтар аз он чӣ дар даст доред ва дар муқоваи он на ном, на унвон, балки Муъмин сабт шуда бошад.

                                                                                                                 Олжас Сулаймонов

   Ин сатрҳо, ки ҳоло мутолиа кардед, дар муқаддимаи китоби пири шоирони муосири тоҷик Муъмин Қаноат “Қудрати ҷонофарин” омадааст. Китоби мазкурро шумо метавонед аз шўъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоед.

Таҳияи Фирўза Раҳимова,

мутахассис шўъбаи кўдакон ва наврасон.