Дархости беш аз шаш ҳазор китоби хонандагони толори хониши кӯдакон дар як моҳи таътил
Нашр шуд 2019-07-16 08:30
Дархости беш аз шаш ҳазор китоби хонандагони толори хониши кӯдакон дар як моҳи таътил
Аз оғози таътили тобистона бештар аз 2000 нафар ба толори хониши кӯдакону наврасон ташриф оварданд ва 6 ҳазору 28 китоб дархост намуданд. Дар ин муддат ба толор 375 нафар меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ворид ва бо фаъолияти шуъба ва толори хониш шинос шуданд.
Таътили тобистона ба нақшаҳои шуъба тағйирот наовард. Чун ҳамеша маҳфилҳои “Дар суҳбати адиб”, барномаи муштараки телевизионии “Беҳтар аз дӯст”, «Маҳфили адибони наврас», ки аз тариқи телевизиони Баҳористон ба навор гирифта мешавад, ҳамвора ва дар вақти муайян баргузор мешавад.
Моҳе ду маротиба маҳфили “Дастони моҳир” низ доир мешавад. Ва муҳимтар аз ин ҳама аз тариқи сомонаи Китобхона китобҳои наву пешини толори хониш муаррифӣ мешаванд.
Кормандони Шуъба барои мусоидат ба ширкати хонадагон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки номинатсияи сеюми он адабиёти кӯдак мебошад, намоиши китоб ташкил кардаанд ва дар он китобҳоеро аз осори адибони классик ва муосир гузоштанд, то барои касоне, ки майли ширкат дар ин озмун доранд, осон шавад.
Фирӯза Раҳимова,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон
Аксҳо аз Фирӯз Нураҳмадов