Сарсухани марҳум Аълохон Афсаҳзод ба китоби “Пандномаи Анӯшервон”
Донишманди шинохтаи тоҷик, марҳум Аълохон Афсаҳзод соли 2008 ҳангоми ба чоп ҳозир кардани китоби “Пандномаи Анӯшервон” дар як муқаддимаи муфассал чанд шарҳе ироа карда, ки хонандаро на танҳо бо муҳтавои китоб, балки таърихи иншо ва муаллифи он ошно мекунад. Ҳарчанд то кунун муаллифи аслии китоб дақиқан маълум нест, вале Аълохон Афсаҳзод талош кардааст ҳадсу гумонҳои пажӯҳишгаронро оварад, то хонанда тасаввуроте дар ин бора ҳам дошта бошад. Лозим донистем ин муқаддимаро бознашр кунем ва аз хонандагони навраси худ даъват намоем, ки китоби “Пандномаи Анӯшервон”-ро дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҷӯё шаванд.
Суннати андарзнависӣ ва пандофаринӣ, ки ҳамчун «андарзнома» машҳур аст, дар адабиёти форси тоҷикӣ таърихи беш аз 2500 – сола дорад. Нахустин намунаҳои панду андарз дар бахши готҳои «Авасто» зуҳур намуда, дар адабиёти паҳлавии замони Сосониён (224-661 мелодӣ), хусусан, давраи подшоҳии Хусрави Парвез (531-579), и бо лақаби Анўшервони Одил маъруф аст, басе ривоҷ пазируфта, дар охири аҳди Сосониён «Андарзномаки Анўшервон» ва «Пандномаки Бузургмеҳр» чунон машҳур будаанд, ки ҳатто дар дабиристонҳо омўзонда мешудаанд. Дар замони ислом, аз асри VIII мелодӣ шурўъ карда, бисёр андарзҳо ба забони арабӣ тарҷума ва баъдтар ба форсӣ-дарӣ - тоҷикӣ баргардонда шудаанд. Устод Рўдакӣ, Абўшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Абуалӣ ибни Сино, ба вижа Абулқосими Фирдавсӣ ва муосирони дигари онҳо дар адабиёти навини форсу тоҷик ба ин навъи адабӣ мақоми сазовор бахшида, суннати андарзофариниро ривоҷу густариш додаанд, ки то ҳанўз идома дорад. Андарзномаҳои шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва «Зафарнома»-и мансуб ба қалами ҳакими сутург Абўалӣ ибни Сино, ки манбаъҳои паҳлавӣ доранд, дар ганҷинаи мавъизаҳои форси тоҷикӣ аз судмандтарин намунаҳои ҳикмати амалӣ ба шумор мераванд. Дар ин миён манзумаи «Андарзномаи Анўшервон» -и мансуб ба Бадеи Балхӣ, ки яқинан асли он низ паҳлавӣ ва макони пайдоишаш Эрони Бостон будааст, аз осори басе ҷолиби ахлоқии форсу тоҷик мебошад. Андарзу пандҳо, ҳикмату насиҳатҳо ва васиятҳое, ки дар ин манзума эрод гардидаанд, хирад, дониш, адолат инсоф, мурувват, саховат, сабр, шикебоӣ ва дигар арзишҳои маънавию ахлоқии шоистаи умумибашариро ситоиш намуда, худшиносӣ, порсоӣ, далерӣ, шуҷоат, шарм, ҳаё, бурдборӣ ва амсоли инро тарғиб мекунанд.
Ҳамчунин, муаллифи «Андарзномаи Анўшервон» аз гуфтаҳои Ардашери Бобакон, «Зардуштнома», «Синдбоднома», «Офариннома» ва бузургони таърих иқтибос оварда, ситам, зулм, кина, ҳасад, ғазаб, лавҳу лаъаб, шитобзадагӣ, аҷала, адоват, суханчинӣ, бухл, дурўғ, хашм ва дигар падидаҳои аъмоли ношоистаро зери тозиёнаи танқид қарор дода, талқин менамояд, ки инсони нек бояд ҷавониву тандурустӣ ва қудрату тавоноиро ғанимат шуморад, ба қадри неъматҳои Парвардгор бирасад, аз бадӣ, ҳаром, ғайбату бўҳтон ва кибру ғурур дурӣ ҷўяд, ҳеҷ гоҳ дар амонате хиёнат нанамояд. Марди покманиш лаҳзае ҳам набояд аз хотир барорад, ки подоши хулқи некў некӣ ва ҷазои кирдори зишт бадӣ буда, хушо ба ҳоли ононе, ки ба омўхтани илм, андўхтани дониш, густариши корҳои хайр шуғл меварзанд, кўшои танвири афкори мардуманд, дар кўшидану нўшидан ифрот намеварзанд, раҳм бар бечорагон, дастгирии ҳоҷатмандон ва парвардани фарзандони ҳалиму солеҳро пешаи худ кардаанд, аз зиштиҳо ба изтироб меафтанд, аз аъмоли шоистаи ҳаммаслакону ҳаммашрабони худ сафо мепазиранду ҳаловат мегиранд. Ҳамагон бояд имон биоваранд, ки худшиносӣ худпарастӣ нест, далериро набояд бо арбадаҷўӣ ва шуҷоатро бо девонагӣ омехт, такаббур, ҳавасронӣ, шаҳват, ғафлат ҳама ҷазои худро доранд, хиёнаткору ҷинояткор яқин бояд кайфар бибинад.
Ҳамаи ин матолибро гўяндаи «Андарзномаи Анўшервон» бо таҳрири шево ва сабки салису зебо ба риштаи назм кашида, ҳадяи пурарзиши худро ба толибони фазл арза намудааст, ки беш аз ҳазор сол боз арбоби таълиму тарбия ва ҳамагон аз он файз мебаранд ва баҳра мебардоранд.
Аммо дар мавриди муаллифи «Пандномаи Анўшервон» фикри ягона вуҷуд надорад. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ин манзумаро мутааллиқ ба Бадоеӣ ном шоире медонад, ки аз зумраи суханварони дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030 мелодӣ) буда, Муҳаммад ибни Маҳмуди Балхӣ ном доштааст. Мавсуф меафзояд, ки Бадоеӣ дорои ашъори маснўъ будааст. Ҳамчунин, ў бахше аз «Пандномаи Анўшервон»-и мавсум ба «Роҳат-ул-инсон»-ро ба номи Бадоеии Балхӣ дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ҷой додаст.
Сипас аллома Саид Нафисӣ ин манзумаро дар маҷаллаи «Меҳр» (соли дуввум, шумораҳои 2 ва 3) мунташир сохта, хотирнишон менамояд, ки баъзеҳо муаллифи «Роҳат-ул-инсон»-ро Бадеи Балхӣ, яъне Абўмуҳаммад Бадеъ бинни Муҳаммад бинни Маҳмуди Балхӣ, ҳатто аз ҳамасрони Дақиқӣ (ваф.976) ва Мунҷики Тирмизӣ дониста бошанд ҳам, ин андеша хатост, зеро «Пандномаи Анўшервон», ки дар он байте аз Унсурӣ (ваф. 1037) оварда мешавад, гувоҳи он аст, ки муаллифи он дар замони Унсурӣ ва ё баъди ў зиндагӣ кардааст. Ба қавли Саид Нафисӣ, дар муқаддимаи насрии «Роҳат-ул-инсон» ба «Шарафи шоир» ишора рафтааст, ки шояд гўяндаи маснавии мазкур ў бошад. Ин «Шарафи шоир» эҳтимол Абўшариф Муҷалладии Гургонӣ (асрҳои ХII-XII) бошад.
Чун мо дар дасти худ маводу мадраки иловагӣ надорем, дар ин бобат чизи дигаре гуфта наметавонем.
Матни манзума дар асоси «Шарҳи аҳволу ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои III, IV ва V ҳиҷрии қамарӣ» (мусаҳҳеҳ Маҳмуди Мудаббирӣ, Теҳрон, 1370, саҳ. 503-520) ба нашр ҳозир карда шуд.
Аълохон Афсаҳзод
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шўъбаи
кўдакон ва наврасони КМТ