74 сол аз зодрӯзи рӯзноманигори маъруф ва яке аз беҳтарин суратгирони кишвар Муҳиддин Олимпур сипарӣ шуд. Ва аз марги фоҷеавии ин марди донишманд ҳам 25 сол гузашт. Биступанҷ соле, ки Олимпур бо мо нест ва моро лозим омад ин ҳама солҳо дардҳову ғуссаҳои бе ӯ буданро ҳам таҳаммул кунем. Аз даст додани мардони фозиле чун Олимпур талафоти гаронест барои миллат.
Хонандагони навраси Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар матни табрикӣ навиштанд. Бо чанд ҷумла самимияти худро нисбат ба модарони худ иброз доштанд. Ин чорабинӣ рӯзи гузашта дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ доир шуд.
Бачаҳо дар аввал дар бораи модар шеърхонӣ карданд, қиссаҳо нақл карданд ва сипас бо