Баски ӯ андар миёни ормонҳои бузурги хеш оламгир буд...

 
 74 сол аз зодрӯзи рӯзноманигори маъруф ва яке аз беҳтарин суратгирони кишвар Муҳиддин Олимпур сипарӣ шуд. Ва аз марги фоҷеавии ин марди донишманд ҳам 25 сол гузашт. Биступанҷ соле, ки Олимпур бо мо нест ва моро лозим омад ин ҳама солҳо дардҳову ғуссаҳои бе ӯ буданро ҳам таҳаммул кунем. Аз даст додани мардони фозиле чун Олимпур талафоти гаронест барои миллат.

 Муҳиддин Олимпур 2- юми  марти   соли 1946 дар деҳаи Шамтич ноҳияи Айни ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби деҳа ба Омўзишгоҳи наққошии ба номи Мизораҳмат Олимови  шаҳри Душанбе  шомил шуда, баъд аз хатми он ба ҳайси аккос  ва ороишгар  дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба фаъолият пардохт ва ҳамзамон таҳсилро дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) идома дод.

 Бо дастонаш  акси садҳо инсони некноми олами илму адаб ва ҳунар дар сафаҳоти  рўзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳои мухталиф ба нашр расидаанд ва дар кўтоҳзамоне ҳамчун беҳтарин аккос дар Тоҷикистон пазируфта шуд.

Фаъолият дар рўзномаи «Адабиёт ва санъат» дар нўмуи бештари ҳунараш мусоидат карда, чун шахсияти фарҳангӣ ва мубаллиғи шахсиятҳои фарҳанги форсизабон ва чеҳраи ҳунар падид омад ва касби шуҳрат кард. Беҳтарин нигоришҳо ва мақолаҳояш дар китобҳои «Чаҳорбоғи гулҳо», «Роҳнамои аккосӣ», «Ишқ фарёд кунад», «Ирон буйи модар медиҳад», «Бинишвари тоҷик», ва «Тўшаи чашм» гирд омадаанд.

Дар даҳаи авали солҳои 90-уми асри гузашта ҳамзамон бо кор дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» хабарнигори бахши форсии радиои БИ – БИ – СИ дар Тоҷикистон буд.

Муҳиддин Олимпур журналист, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  дорандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ.

13 декабри соли 1995 аз тарафи силоҳбадастони номаълум ба қатл расонида шуд.

Бозчоп аз Номбардорон ашхоси шинохташудаи ноҳияи Айнӣ. –  Душанбе, 2017. – С. 343-344.

Ва ин шеъри устод Лоиқ ба марги Муҳиддин Олимпур

     Чашмони Олимпур

Дошт дар оинаи чашмони худ

Аксҳои гунагуни гунаи мову шуморо.

Аксҳои зиндагии рӯсиёро,

К-андар ӯ мезист навъе бо мудоро.

 

Дошт андар дурбини дидагонаш

Аксҳои нағзу рангини замона.

Гарчи ҳам медид, он андоза гӯӣ ҳам намедид,

Лаккаҳои шармовар,

            доғҳои зишту нангини замона.

 

Дошт, оре, дар булӯри дидагонаш акси моро.

Бурд ҳам андар булӯри дидагонаш

                                   акси морову шуморо.

Акси авзои замона, акси ёрони дилашро,

Акси фарёди дарунаш, акси исёни дилашро...

 

Лек аз ин дунёи баттолу аз ин айёми қаттол

Дар булӯри дидагонаш

Охирин аксе, ки бурд ӯ –

Акси шуми қотилаш буд...

(Таъну лаъни ҷовидонӣ бод бар ӯ!!!

Нафрати ҳардуҷаҳонӣ бод бар ӯ!!!)

 

Баски ӯ андар миёни ормонҳои бузурги хеш оламгир буд,

Дар хилоли аксҳои безаволаш

Ханда буду гиря буду тифл буду пир буд –

Алғараз дар мардуми чашмони ӯ

Акси мардум буд.

Кош мардум акси ӯро низ

Андар мардуми чашмони худ поянда доранд.

Гарчи ман аз мардуми мо интизори ин шаҳоматро надорам,

Боз ҳам уммедворам...

7.3.1996

Аз Муҳиддин Олимпур ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед

Раҳнамои суратгир. – Душанбе : Адиб, 1989. – 96 с.

Тўшаи чашм. – Душанбе : Ирфон, 1990. – 112 с.

Ишқ фарёд кунад. – Душанбе : Вазорати фарҳанг ва иттилооти. – 1995. –75 с.

Ирон бўйи модар медиҳад. – Душанбе: Шарқи Озод, 1997. – 320 с.

Нодирпур, Н. Шеъри ман сарнавишти ман аст / Таҳияи Муҳиддин Олимпур // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 20 апрел.

Фирўзон, М. «Пайванд» дар Эрон таблиғ мешавад: Мусоҳибаи рўзноманигор М. Олипур бо раиси интишороти «Суруш» - Ҷумҳурии Исломии Эрон  Маҳдӣ Фирўзон // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 11 октябр.

Дар бораи Олимпур

Мукофоти  Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ба Муҳиддин Олимпур // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 11 май.

 Аюбзод, С. Лабханди ҳамешасабзи  фарзанди навбаҳор: Журналист ва аккоси маъруфи тоҷик Муҳиддин Олимпур агар зинда мебуд 72- сола мешуд // ИмрўзNews. – 2018. – 2 март.

 Тоҳирӣ, Ҳ. 23 соли бебаҳор: Аз марги журналисти аксбардор  Муҳиддин Олимпур 23 сол гузашт // Фараж. – 2018. – 12 декабр.

Исматӣ, Д. Террори миллӣ: воқеияти қатли Олимпур – 2: Аз қатли рўзноманигори аксбардор 23- сол гузашт // ИмрўзNews. – 2018. – 13 декабр.

Салмон, С. Қотилони  рўзноманигор ё Муҳиддин Олимпурро кӣ кушт // Ҷумҳурият. – 2018. – 27 декабр.

Сангин, Ҳ. Олимпур чӣ хостани бинандаро медонист: Мусоҳибаи рўзноманигор Ҳ. Тоҳирӣ бо саркоргардони  Телевизиони Тоҷикистон Ҳилим Сангин перомуни журналист ва аккоси шинохта Муҳиддин Олимпур // Фараж. – 2019. – 11 декабр.

Тоҳирӣ, Ҳ.  Тўли байни форсизабонон: Ёди аз журналист ва аккоси маъруф Муҳиддин Олимпур // Тоҷикистон. – 2019. – 12 декабр.

Холбеков, С. Қотилони Муҳиддин Олимпур киҳоянд?: Ёде аз журналист // Садои мардум. – 2019. – 12 декабр.

Холбеков, С. Ҷой дар дилу дида: Дар бораи кор ва фаъолияти рузноманигори варзидаи Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 19 декабр.

Аминиён, С. Олипур дар ёдҳост: Аз қатли журналист ва аккоси тоҷик Муҳиддин Олимпур 24 сол гузашт // ИмрўзNews. – 2019. – 13 декабр.

Таҳияи Зафар Ғолибов, 

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ