Мавлуди Гулназар

 Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ зодрӯз дорад. Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони кишвар аст, ки миёни ҳаводорони каломи баъдеъ аз маъруфияти хос бархӯрдор аст. Дар назму наср қувва озмудаву ҳамеша муваффақ будааст. Ҳар сол дар остонаи зодрӯзи шоир аксари нашрияҳое, ки мусоҳиба анҷом медиҳанд, ҳатман аз Суруди миллӣ суол мекунанд. Дарвоқеъ, Суруди миллӣ аз шаҳкорҳои ин шоири маъруф аст, ки имрӯз аксари хурду бузург аз ёд медонанд.

 Иттифоқи навсандагони Тоҷикистон дар сомонаи худ шоири маҳбубро ин гуна муаррифӣ кардааст:

 Баъди бо нишони тилло фарҷом бахшидани мактаби миёнаи деҳа, соли 1961 вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1966 бо дипломи сурх анҷомаш додааст.

 Фаъолияти кориро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст.

 Баъдан дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» мудири шуъба ва сармуҳаррир, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст.

 Дар айни ҳол муовини раиси Кумитаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

 Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд.

 Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди чиҳил маҷмӯаи ашъори ӯ ба зевари табъ ороста гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд.

 Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

 Дар бисёре аз навъу намудҳои адабӣ қувваозмоӣ карда, дар ин раванд ба офаридани намунаҳои назаррасе нойил гардидааст. Аммо барои ӯ, бешак, шеър дар мадди аввал аст.

 Шеърҳои ӯ аз ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои навин орӣ нестанд ва дар инкишофи адабиёти муосири тоҷик саҳми шоиста доранд.

Маҷмӯаи ҳикояҳояш барои калонсолон «Гули афшони олуча» ба забонҳои русию ӯзбекӣ низ тарҷума ва чоп шудааст.

 Китоби ҳикояҳои «Калоба» барои хурдсолон пешниҳод гардидааст.

 Дар асарҳои тадқиқотии «Лоиқе чун Лоиқе», «Қутбии қутби сухан» ва бисёр мақолаҳои адабиву публитсистияш ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти суханварони маъруфи кишварро мавриди баррасии шоирона қарор додааст.

 Аз тариқи муассисаҳои нашоротии «Адиб»-у «Адабиёти бачагон» қиссаву ривоятҳои алоҳидаи Саноӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва дигар классикони адабиёти тоҷик дар бозгӯйи ӯ, ба забони фасеҳи адабии барои бачаҳо фаҳмо, ба чоп расидаанд, ки дар байни хонандагони хурдсол обрӯю эътибори шоиста пайдо кардаанд.

 Дар заминаи филмномаҳои ӯ филмҳои ҳунарии «Нишони зиндагӣ», «Дар орзуи падар» (қисматҳои охир), «Сездаҳ солу се моҳ», «Баҳори як кӯча», «Марги бегуноҳ» ва «Бачаҳои таҳхонагӣ» ба навор гирифта шудаанд.

Дар Маскав, ба забони русӣ (аз тариқи нашриёти «Советский писатель») маҷмӯаҳои ашъораш «Звезда Улугбека» ва «Безымянный родник» ба табъ расидаанд.

Соли 1999 нашриёти «Суруш» (Теҳрон) гулчини ашъораш «Забони ошиқӣ»-ро мунташир сохтааст.

Шеърҳои Гулназар ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума ва чоп шудаанд.

Дар Қувайт маҷмӯаи шеърҳояш (ҳамроҳи ашъори Гулрухсор) ба забони арабӣ нашр гардидааст.

Шеърҳои классикони рус, шоирони машҳури араб, баёзи назми муосири Фаронсаро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи қиссаи «Парвози шабона»-и С.А.Экзюпери ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода.

Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.                                            

Бозчоп аз сомонаи Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон.

Аз Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:

Келдиев, Г. Ағба / Келдиев Гулназар. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 96 с.

Келдиев, Г. Панҳо / Келдиев Гулназар. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 240 с.

Келдиев, Г. Звезда Улугбека / Келдиев Гулназар. – Москва: Советский писатель,1981. – 54 с.

Келдиев, Г. Лангар / Гулназар Келдиев. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 221 с.

Келдиев, Г. Паи дарё / Гулназар Келдиев. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 172 с.

Келдиев, Г. Чашми нигин / Гулназар Келдиев. – Душанбе: Адиб, 1987. – 144 с.

 «Хизр медид, асоям мекард»: Ба ифтихори 70- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром // Садои мардум. – 2002. – 21 декабр.

Сабзаборон: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 19 март.

Суруди шоири дарборӣ  // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 30 июл.

Тоҷикистон саҳрои хаёли ман; Ман дўст медорам: Шеърҳо // Садои мардум. – 2005.- 17 сентябр.

Хоб; Танҳоӣ; Оинаи Меҳроб: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 17 декабр.

Арзанда : Шеър бахшида ба Абдумаҷидӣ Бохтарӣ // Садои мардум. – 2006. – 9 май.

Ба шохи гул назар баста: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 25 май.

Сини Пайғамбар; Дар рўзи дави миллӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 23 октябр.

Дар он сўӣ хондаҳои ту: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 25 июн.

 Рубоёт // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 27 май.

Бо забони нозҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 3 июн.

Гулназар. Устод Мирзо Турсунзода модели нави адабиёти моро офаридаанд: Бахшида ба 100- солагии Мирзо Турсунзода // Озодагон. – 2011. – 5 октябр.

Лолаҳо дар ёлаҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат . – 2012. – 19 апрел.

Вожаро бояд шуст…: Андешаҳо перомуни шеъри тасвирии имрўзаи форсизабонон // Адабиёт ва санъат . – 2013. – 12 сентябр.

Аз дафтари хусравонӣ: Назм // Адабиёт ва санъат . – 2017. – 20 июл.

Номаи миллат: Шеър ба ифтихори НБО Роғун // Минбари халқ . – 2018 . – 14 ноябр.

Таронаи Роғун: Шеър бахшида ба НБО «Роғун» // Мароми пойтахт. – 2018 . – 21 ноябр.

Тарҷумаҳо

Евтушенко, Е. Барф: Шеър / Тарҷумаи Гулназар // Садои Шарқ. – 1980. – №6. – С. 112-124.

Ващиетис, О. Парасту: Шеър / Тарҷумаи Гулназар // Садои Шарқ. – 1972. – №7. – С. 62.

Винокуров, Е. Хайём: Шеър / Тарҷумаи Гулназар // Садои Шарқ. – 1974. – №6. – С. 66.

Ател. Бидидам қатрае нигоҳ: Шеър / Тарҷумаи Гулназар // Садои Шарқ. – 1987. – №12. – С. 93.

Лулиев, М. Қитъаҳо: Шеър / Тарҷумаи Гулназар // Садои Шарқ. – 1987. – №11. – С. 25-26.

Гумилёв, Н. Шаби тиллоӣ: Шеър / Тарҷумаи Гулназар // Садои Шарқ. – 1990. – №11. – С. 51-57.

Лоран, Г. Боғи сангин: Шеър / Тарҷумаи Гулназар Келдӣ // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 8 октябр.

Дар бораи шоири маъруф

Гулназар. Гар шеъри шоиреҳост…: Мусоҳибаи рўзноманигор Ҳ. Қурбонов бо Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ // Ҷумҳурият. – 2002. – 29 октябр.

Абдуманнон, А. Пайёми дўстӣ: Ба ифтихори 60- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 15 декабр.

Муллоаҳмад, М. Суханвари  мумтоз: Ба ифтихори 60- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 15 сентябр.

Мирхоҷа, А. Мероси Айнӣ: Ба ифтихори 60- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ // Нақлиёт. – 2005. – 15 сентябр.

Ҳабиб, П. Вассофи озодии тоҷик ва ватани озод: Шоири халқии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Гулназар Келдӣ // Садои мардум. – 2005 . – 17 сентябр.

 Келдӣ, Г. «Сафина»-и мо хонандагони зиёд пайдо хоҳад кард: Мусоҳибаи М. Киром бо шоир Гулназар Келдӣ  // Чархи гардун. – 2008. – 14 феврал.

Навид. Меҳр мебарад зи шеъри Гулназар: Маҳфили адабӣ бахшида ба 70- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 9 апрел.

Бахти, М. Зару зевари сухан: Порае аз силсилаи шеърҳои Гулназар // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 10 декабр.

Сайфуллоев, А. Растохези афкори рангин: Оид ба фаъолияти ашъори шоири забардаст Гулназар // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 12 май.

Таҳияи Зафар Ғолибов, 

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ